Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян

03.09.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян масоили ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз заминаи мусоиди қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла Аҳдномаи дўстӣ ва ҳамкорӣ ва ҳамчунин ҳамсонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои ду давлат доир ба аксари масоили байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба ва густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ зарур шумурда шуд.

Серж Саргсян иттилоъ дод, ки ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои Китобхонаи мўҳташами миллии навбунёд дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди китобҳои илмию таърихӣ, бадеӣ ва омўзишӣ доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо забонҳои арманӣ, русӣ ва англисӣ тўҳфа овардааст.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили муҳими минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520