Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур

14.02.2014 18:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва дигар масоили минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520