Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

20.02.2014 13:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи масоили баҳсталаб бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва бидуни истифода аз нерӯ ҳалли худро меёбанд.

Дар робита ба дурнамои авзои Афғонистон таваҷҷуҳи асосӣ ба дастрас намудани кумаки ҳарбӣ-техникии қисме аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520