Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоуглен

24.02.2014 11:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоугленро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид.

Мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000 низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520