Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Идораи ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Русия Борис Ковалчук

27.02.2014 18:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Идораи ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Федератсияи Русия Борис Ковалчукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетикаи барқӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва роҳҳои пардохти қарзи ширкати Барқи Тоҷик дар назди ин иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла барои сохтмони дигар иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520