Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе

06.09.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли лампаҳои камасраф, як толори бузурги варзишӣ ва маркази 22 ошёнаи соҳибкории Душанбе-Плаза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон оғоз ёфт.

Зимни ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ дар шаҳри Душанбе аз фаъол гардидани чунин корхонаи муосири саноатӣ, ки зодаи сиёсати сарфаю сариштакории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, изҳори хушнудӣ карда шуд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар як шабонарўз метавонад то 10 ҳазор дона лампаҳои гуногуни каммасрафи барқӣ истеҳсол намояд. Дар ин корхона, ки бо харҷи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, 126 нафар дар як баст бо кори доимӣ ва маоиши хуб таъмин гардидаанд.

Тавре аён гардид, қисмҳои алоҳидаи лампаҳои каммасрафи ин корхона дар коргоҳҳои махсуси истеҳсоли қисмати пластикӣ, патрон ва галваникунонии ҳамин ҷо омода гашта, дар коргоҳи махсус аз санҷиши техникию технологӣ гузаронда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти корхона, афзалияти асосӣ ва фарқкунандаи он аз дигар корхонаҳои истеҳсоли лампаҳои каммасрафи Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо тамоми коргоҳҳои зарурӣ ва ҷараёни технологии истеҳсолӣ дар як ҷо ба ҳам оварда шудааст. Аз ин хотир нархи лампаҳои ин корхона нисбат ба маҳсулоти воридотӣ ва аз дигар корхонаҳои ватанӣ хеле арзон ва рақобатпазир мебошад.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст оғоз бахшид.

Тавре зикр гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ ва дармонгоҳ дар майдони зиёда аз 8 га бо харҷи беш аз 350 миллион сомонӣ бо тамоми шароити муосири ташхис, муоина ва муолиҷаи беморони гуногун бунёд хоҳад ёфт. Дар ин ду иншоот беш аз 600 нафар кормандони соҳаи тиб ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти масъул дастур дод, ки дар паҳлўи шифохонаи шаҳрӣ ва дармонгоҳ, ки дар миёни Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ ва бозори Султони Кабир бунёд меёбад, ҳамчунин як осоишгоҳи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.

Президенти кишвар ба кормандони сершумори соҳаи тандурустии пойтахт, ки ба ин муносибат ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, муроҷиат намуда, онҳо ва ҳамаи мардуми кишварро бо ҷашни 20- умин солгарди истиқлоли Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфт. ҳамзамон бо ин Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба садоқат ба касбу ҳунари пурмасъулият ва бошарафашон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва муомилаю муошират бо мардуми ниёзмандро беҳ созанд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи якачинори пойтахт ташриф оварда, як толори бошукўҳи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин толори боҳашамати дорои 600 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва шароити зарурӣ барои машқу тамрини чандин намуди варзиш бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин тўҳфаи арзандаи агентии мазкур натанҳо барои кормандони худи ў, балки ба ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз аст.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими расмии ботантанаи супурдани Байрақи ҷангӣ ба Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Алфа иштирок намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Байрақи ҷангиро ба роҳбарияти ин воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ, ки бо номи Алфа маъруфу машҳур аст, тақдим намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати шахсии ин ва дигар сохторҳои низомию қудратӣ минбаъд низ вазифаҳои пуршарафу пурифтихори худро баҳри таъмини амну суботи кишвар ва ҳайёти осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон пайваста бо садоқати баланд, ҳисси волои ватандўстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таҳкими давлатдории миллии тоҷикон адо мекунанд.

Дар маркази шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази тиҷорату соҳибкории Душанбе-Плаза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 22 ошёна иборат буда, дорои тамоми шароити муосир барои тоҷирону соҳибкорон, кормандони маъмурӣ ва ширкатҳои гуногунсоҳаи дохилию хориҷӣ мебошад.

Дар назди ин бинои боҳашамат корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва ширкатҳои гуногуни ватанӣ, ки оянда метавонанд, дар ин ҷо утоқҳои корӣ иҷора гирифта ва аз шароити дигари ин марказ истифода баранд, маҳсулоти худро ба маъраз гузошта буданд, аз ҷумла ороишоти заргарӣ аз тиллою нуқра ва сангҳои қиматбаҳо, велосипедҳо, ки истеҳсолашон ба наздикӣ ба роҳ монда шудааст ва ғайра.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин иншооти муҳташам дар зарфи қариб 22 моҳ бо харҷи 164 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд ёфта, баландиаш 92 метр аст. Тарҳи бино бо назардошти унсурҳои меъмории бостонию муосири тоҷикӣ ва ҳам ҷаҳонӣ омода гашта, бо намои дилкашу зебояш ба маркази пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.

Дар ошёнаҳои гуногуни ин бинои бисёрсоҳаи барои тоҷирону соҳибкорони дохилию хориҷӣ пешбинигардида утоқу толорҳои семинару конфронсҳои мухталиф, машваратҳо, марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, намоиши мўд, 2 тарабхона яке бо 200 ва дуввумӣ бо 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 40 ҷойи хоб ва утоқҳои маъмурию идорӣ бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Худи ҳамин рўз дар толори намоиши мўди ин марказ дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин намоиши мўд ба таври намунавӣ баргузор гардид.

Дар яке аз толорҳои бузурги маҷлисии ин марказ тавассути имконоти техникии телемост миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тоҷикону донишҷўёни бурунмарзӣ аз кишварҳои Канада, Амрико, Британияи Кабир, Япония, Чин ва Австралия гуфтугўйи мустақими видеоӣ сурат гирифт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамдигарро бо солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз пешрафту шукуфоӣ ва ободонии ватани азизи мо изҳори сарфарозӣ карданд.

Дар назди ин маркази боҳашамат, ҳамчунин як бинои дуошёна бунёд меёбад, ки дар он барои 100 мошин таваққуфгоҳ омода мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ ба сифати корҳои сохтмону таҷҳизи маркази Душанбе-Плаза баҳои баланд дода, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин кори бузург саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520