Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАСУЛЗОДА Қоҳир
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон


Расулзода Қоҳир 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлат ва мунисипалӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба сифати техник– лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд солҳои 1985-2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2006 дар мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2006 дар мансаби Раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520