Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Раҳимзода Рамазон Ҳамро 25 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии ВКД Иттифоқи Шуравӣ дар шаҳри Тошкент ва соли 2004 Академияи идоракунии ВКД Россияро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати инспектори ваколатдори фаврӣ, ваколатдори фаврии калони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дар сохторҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии собиқ вилояти Кӯлоб, дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2001-2005 ба ҳайси Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ кор кардааст.

Солҳои 2005-2009 дар мансабҳои муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2012 дар вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Рутбаи генерал-лейтенанти милитсия дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи I, Зарринтоҷ дараҷаи II, «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520