Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУҲРИДДИН Сироҷиддин 
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


МУҲРИДДИН Сироҷиддин 17 феврали соли 1964 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.

Солҳои 2004-2005 ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005-2013 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2011 ҳамзамон ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи II, медали “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона) ва ордени Дӯстии Федератсияи Россия сарфароз гардидааст.

Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520