Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омӯзгори мактаб шурӯъ намуда, дар давоми солҳои 1978- 1980 дар вазифаҳои муҳаррири кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980- 1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000- ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Муҳтори Кӯҳистон Бадахшон шуда кор кардааст.

Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рӯзномаи «Мӯнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.

Бо ордени Шараф сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520