Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон


УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989- 1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.

Аз моҳи сентябри соли 2009 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор мекунад.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520