Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗОКИРЗОДА Маҳмадтоир Зоир
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗОКИРЗОДА Маҳмадтоир 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз руи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис - заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шӯъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатӣ ва хуроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, шӯъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳии иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот», Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.

Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2015-2016 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520