Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер

25.03.2014 18:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.

Тавре зикр гардид, тамошои бозии футболи дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барои Шоҳҷоми Тоҷикистон ва супурдани Ҷоми олӣ ба дастаи ғолиб низ аз бандҳои барномаи боздиди ӯ аз шаҳри Душанбе аст”. Йозеф Блаттер, ҳамчунин дар расми ифтитоҳи майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади ФИФА бунёд шудааст, ширкат меварзад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайвастаи ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон арзи хушӣ кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520