Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

26.03.2014 14:52, Афғонистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шуд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул меҳмони олимақомро Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Юнус Қонунӣ, Вазири корҳои хотриҷии кишвар Зарор Аҳмад Усмонӣ, Мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто, Вазири иттилоот ва фарҳанг Саид Махдум Раҳин, Волии Кобул Абдулҷаббор Тақво ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.

Масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.

Аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушӣ карда шуд.

Барои ҳалли саривақтии мушкилоти сармоягузорон, коршиносону мутахассисон ва муҳоҷирон ҳамкории босамартар ва мунтазами сохторҳои сиёсӣ ва давлатии ду кишвар, пеш аз ҳама парлумонҳо, додситониҳои кулл, додгоҳҳои олӣ ва мақомоти адлия зарур шумурда шуд.

Ҳарду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд.

Ба манзури тақвияти бештари нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон бори дигар омодагии худро ба саҳмгузорӣ

дар омӯзиши кадрҳои ин соҳаи кишвари ҳамсоя таъкид дошт.

Боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзӣ матлуб дониста шуд.

Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳо ва бо раҳбарии афғонҳо мебошад. Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд”.

Доир ба интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар кард: “Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову дурахшони Шумо мусоидат намояд”.

Ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши фаъоли Ҳомид Карзай дар рушди муносиботи Тоҷикистону Афғонистон чунин гуфт: “Тайи 12 сол мо ҳамкории самимии бародарона ва дӯстона доштем ва инро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳем кард. Ҷалолатмаоб ҳамеша дар кадом маснаде набошанд, дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маскан ёфтаанд ва ҳамеша меҳмони азизи Тоҷикистон хоҳад буд”.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Афғонистон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаолияти гумрукӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Зимни нишсати матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот, фазои дӯстию ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520