Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ

26.03.2014 18:41, Афғонистон

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауф Иброҳимӣ мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон “ҳамкории ҳамаҷониба бо Афғонистони ҳамсояро “аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Таҷикистон” номида, рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро басо муҳим арзёбӣ кард.

Абдуррауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки “роҳбарият ва мардуми Афғонистон аз дастгириҳои пайвастаи Шумо аз раванди сулҳу субот ва рушди кишвари худ қадрдонӣ мекунанд, зеро ки мо ҳамеша пуштибонии Шуморо аз манофеи сарзамини мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебинем ва эҳсос мекунем”.

Таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар ташвиқ ва танзими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва бунёди шабакаҳои фаромиллии инфрасохторӣ нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамкории босамари байнипарлумонӣ, ҳамчунин боиси рушди равобити таърихии фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвар номида шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520