Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони корхонаи Ғаюр – Суғдсемент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

03.04.2014 11:36, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд идома ёфт.

Дар роҳи шаҳри Истиқлол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони корхонаи саноатии Ғаюр – Суғдсемент оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи сементбарорӣ дар масоҳати 48 га замини хушку саҳро бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкати ватании Ғаюрсемент дар якҷоягӣ бо шарикони чинии он аз ширкати Хуасин бунёд меёбад.

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 буда, дар он қариб 1000 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 85% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аз ҷониби ҳамин ширкатҳо ҳамин гуна корхонаи муосир соли гузашта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба кор дароварда шуда буд. Дар ин ҷо низ корхона бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда, истеҳсолоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар хоҳад буд.

Пеш аз омодашавии корхонаи сементи Ёвон наздики 100 нафар мутахассисони тоҷик дар филиалҳои ширкати Хуасин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хононда шуда буданд. Мутахассисони ояндаи корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, дар корхонаи Ёвон таҷриба омӯхта, омода хоҳанд шуд.

Навбати аввали корхонаи нав соли 2015 ва навбати дуюмаш соли 2016 ба кор дароварда мешавад. Аҳамияти иқтисодию иҷтимоии ин корхона барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд ва умуман ҷумҳурӣ басо бузург аст, зеро ҳамасола беш аз 100 миллион сомонӣ ба давлат андоз хоҳад супорид.

Ғайр аз ин, ба гуфти роҳбари ширкати ватании Ғаюрсемент Акбар Ғуломов пас аз ба кор даромадани корхонаи Ёвон нархи семент дар ҷумҳурӣ 25% паст шуда буд. Бо фаъол гардидани корхонаи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нархи семент дар вилояти Суғд низ 25% поён хоҳад рафт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми накуи соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки ҳамзамон бо сохтмон ва фаъол намудани ин корхона дар ободонии инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла навсозии роҳҳо низ саҳмгузор бояд шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520