Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани зеристгоҳи барқии «Хуҷанд – Айнӣ» дар ноҳияи Айнӣ

26.09.2011 16:00, ноҳияи Айнӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Вохўрии навбатии мову шумо дар айёме доир гардида истодааст, ки чанд рўз қабл ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватанамон - ҷашни барои ҳар як фарди кишвар бисёр азизу муқаддасро бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Аз фурсати муносиб истифода карда, ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона муборакбод менамоям.

Дар радифи корҳои бузургу созандагии даврони истиқлолияти давлатиамон мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи барқи 220 - киловолтаи «Хуҷанд-Айнӣ» ва ифтитоҳи нерўгоҳи хурди барқи обии «Марзич» дар ноҳияи Айнӣ боз як қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии миллиамон - таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва таъмини беҳтари мардум бо нерўи барқ мебошад.

Бинобар ин, ба ифтихори бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалишавии лоиҳаҳои мазкурро ба шумо – ҳозирини мўҳтарам ва кулли мардуми ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон табрик мегўям.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро пайваста ҳаллу фасл намуда истодааст ва ободии ҳар як гўшаву канори Ватан, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва беҳбудии рўзгори мардум ҷавҳари асосии сиёсати созандагиву бунёдкории моро ташкил медиҳад.

Махсусан, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллиамон -таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат то ба имрўз мо ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла эҳё ва рушди соҳаҳои энергетика ва саноат, роҳсозӣ ва коммуникатсия, сохтмони пулу нақбҳои мошингард ноил шудем. Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак тавассути ноҳияи Айнӣ ба масофаи умумии 335 километр, кушодани нақби азими «Истиқлол» ва идомаи босуръати бунёди нақби «Шаҳристон» аз ҷумлаи корҳои азими раванди бунёдкориву созандагии Ватани соҳибистиқлоламон мебошанд.

Чораҳои андешидаи давлат ва ҳукумати мамлакат боиси хеле сабук шудани мушкилоти асосии мардум, бахусус сокинони водии Зарафшон гардид, ки ҳар сол панҷ – шаш моҳ дар роҳу ағбаҳои душворгузар азоби сахту сангин мекашиданд ва имконияти рафтуомадро ба пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояту кишвар надоштанд.

Ҳоло ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани нақби «Истиқлол» бо сармоягузории беш аз 50 миллион сомонӣ корҳо оғоз гардидаанд. Инчунин бо вуҷуди мушкилоти табиии қабатҳои кўҳӣ корҳои нақбканӣ дар ағбаи «Шаҳристон» торафт вусъат гирифта истодаанд ва мо итминони комил дорем, ки корҳои боқимонда дар мўҳлатҳои наздик ба итмом мерасанд.

Чунонки шумо медонед, дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди давлат ва Ҳукумати мамлакат мо тавонистем хатти барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол»-ро пеш аз мўҳлати муқарраршуда сохта, мавриди истифода қарор диҳем. Ин иқдоми саривақтӣ вобастагии вилояти Суғдро аз нерўи барқи воридотӣ коҳиш дод ва муҳимтар аз ҳама, бо бунёди ин хатти барқ шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ташкил карда шуд.

Ва дар ин ҷода, барои аз мушкилоти барқ раҳоӣ бахшидани сокинони водии Зарафшон моҳи июли соли гузашта хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи «Хуҷанд-Айнӣ» - ро бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 130 миллион сомонӣ гузошта будем.

Мақсади асосии лоиҳаи сохтмони ин иншоот аз бунбасти энергетикӣ баровардани минтақаҳои дурдасти кўҳистони вилояти Суғд, аз ҷумла пайваст намудани шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кўҳистони Мастчоҳ бо шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва таъмини онҳо бо нерўи барқи истеҳсоли худӣ мебошад, ки ҳоло мову шумо шоҳиди муваффақона амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб гардидем.

Мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳаи мазкур барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ноҳияҳои номбаршуда мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки рўзи оғози корҳо аз ҷониби Роҳбари давлат ба масъулони Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» ва пудратчии лоиҳа - ширкати «ТВЕА» - и ҷумҳурии Халқии Хитой супориш дода шуда буд, ки лоиҳаи хатти интиқоли барқи «Хуҷанд-Айнӣ» на дар давоми 18 моҳи ба нақша гирифташуда, балки дар арафаи ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатиамон, яъне моҳи сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор дода шавад.

Ҳамин тавр, мутахассисони дохиливу хориҷӣ сохтмони онро бо сифати баланд ва бо насбу васли таҷҳизоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў дар мўҳлати муқарраршуда ба итмом расониданд. Ба муносибати бистсолагии истиқлолияти давлатии мамлакат пурра мавриди истифода қарор гирифтани хатти барқи мазкур имкон фароҳам овард, ки шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кўҳистони Мастчоҳ бо нерўи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шаванд.
Аз ин рў, ба ҳамаи мутахассисону коргарон ва шарикони рушд аз ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони иншооти имрўза саҳмгузорӣ намудаанд, изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин, лозим ба ёдоварист, ки дар сохтмони иншоот зиёда аз 600 нафар коргарон ва мутахассисони хориҷиву маҳаллӣ кору фаъолият намуданд.

Дўстони азиз!

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикии худ ба ҳар сари аҳолӣ, яъне зиёда аз 500 миллиард киловатт – соат дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад ва дар сурати дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор гирифтани силсиланерўгоҳҳои барқи обии мамлакат, аз ҷумла нерўгоҳҳои барқӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон шабакаҳои энергетикии кишвар имконият пайдо мекунанд, ки натанҳо талаботи дохилии мамлакатро бо нерўи барқ таъмин намоянд, балки содироти он ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳ ва хатти интиқоли барқи «Хуҷанд – Айнӣ» дар азхудкунии иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар боз як қадами устувор мебошад.

Мувофиқи лоиҳа масофаи хатти интиқоли барқи имрўза бо насби зеристгоҳҳои «Айнӣ» ва «Шаҳристон» беш аз 83 километрро ташкил медиҳад. Иқтидори интиқолии он дар як сол 2 миллиард киловатт - соатро ташкил дода, нерўи барқро аз зеристгоҳи 500 - киловолтаи «Суғд» ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ бо талафоти камтарин интиқол медиҳад.

Яке аз роҳ?ои муҳими таъмин намудани рушди со?аи гидроэнергетика бунёди нерўгоҳҳои барқи обии хурд буда, дар замони истиқлолият дар саросари мамлакат беш аз 250 адад нерўгоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраҳои солҳои 2009-2020» дар давраи зикршуда бояд дар ҳудуди мамлакат боз 189 нерўгоҳи хурди барқӣ сохта, ба истифода дода шавад, ки аз ин миқдор зиёда аз 20 нерўгоҳ танҳо ба ҳавзаи дарёи Зарафшон рост меояд.

Ҳадафи асосии ин барнома азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, афзоиш додани истеҳсоли нерўи барқ ва таъмин намудани талаботи маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои дурдаст бо нерўи барқ мебошад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи бунёди нерўгоҳҳои барқи обии хурд ва ҷиҳати тараққӣ додани энергетикаи хурд дар мамлакат соли 2007 лоиҳаи «Сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурд дар деҳоти Тоҷикистон» оғоз гардида, тибқи он бунёди ҳашт нерўгоҳи хурд дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав бо иқтидори умумии 7800 киловатт ва арзиши қариб 66 миллион сомонӣ идома дорад.

Имрўз дар ноҳияи Айнӣ дар доираи татбиқи ин лоиҳа калонтарин нерўгоҳи барқи обии хурди «Марзич» бо иқтидори 4300 киловатт ва арзиши лоиҳавии беш аз 18 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он метавонад як қисми деҳаҳои ҷамоати деҳоти Анзоб ва дар оянда Корхонаи муштараки «Анзоб»-ро низ бо барқ таъмин намояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба мутахассисону коргарон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин нерўгоҳ саҳмгузорӣ намудаанд, миннатдории ҳукумати Тоҷикистонро баён менамоям.

Илова бар ин, ҳоло аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор оид ба сохтмони нерўгоҳи барқи обии “Айнӣ” бо иқтидори 130 мегаватт корҳои тадқиқотиву лоиҳакашӣ ва асосноккунии техникиву иқтисодӣ идома дошта, тибқи мувофиқа бо роҳбарияти олии давлати ба мо дўсту бародари Эрон масъалаи сармоягузории ин иншооти муҳим низ ҳалли худро пайдо намуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки захираи гидроэнергетикии танҳо ҳавзаи дарёи Зарафшон беш аз 20 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад ва дар ин минтақа бунёди беш аз 10 нерўгоҳи барқи обӣ бо иқтидори аз 50 то 300 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки аз таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Айнӣ бармеояд, дар замони истиқлолияти давлатии кишвар мардуми заҳматкаши ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин давра дар доираи раванди созандагиву бунёдкорӣ 460 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Даромади буҷети маҳаллӣ соли 2000-ум ҳамагӣ 704 ҳазор сомониро ташкил кардааст, вале ин нишондиҳанда дар соли 2010 қариб ба 13 миллион сомонӣ баробар гардидааст, яъне дар даҳ соли охир 18 маротиба зиёд шудааст.

Ҳамзамон бо ин, соҳаи саноат дар ноҳияи Айнӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 12 миллион сомонӣ то ба 34 миллион сомонӣ расидааст.

Дар ин давра 5 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои «Кишоварз», «Зеробод», «Фалғар», сехи коркарди меваю сабзавоти Шамтуч ва корхонаҳои хурди истеҳсоли обҳои маъданӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар бобати баланд бардоштани вазъи иқтисодии ноҳия кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ соли охир ба 52 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин рақам нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2000 4,5 баробар зиёд мебошад.

Дар замони истиқлолият ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз як миллиарду 56 миллион сомониро ташкил дода, маблағҳои зикршуда ба соҳаи сохтмони асосии ноҳия равона шудаанд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд.

Дар асоси тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар дар давоми солҳои охир дар ноҳияи Айнӣ бо сарфи даҳҳо миллион сомонӣ сармоягузориҳои давлативу хориҷӣ амалӣ гардида, иншооти гуногуни хурду бузург, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ мавриди сохтмон ва таъмиру барқарорсозӣ қарор гирифта, аксарияти онҳо ба истифода супорида шудаанд. Аз ҷумла, дар зарфи солҳои истиқлолият танҳо дар соҳаи маориф барои 4600 ҷои нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар тибқи лоиҳаи азнавсозии роҳи Душанбе-Чанак дар ҳудуди ноҳия беш аз 82 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба меъёрҳои ҷаҳонии роҳдорӣ мувофиқ сохта шуда, дар ин минтақа 8 пули муосири мошингард бунёд гардидааст.

Дар ин давра ба дуртарин мавзеъи ноҳия - водии Яғноб 30 километр роҳ бароварда шуда, ду пул бунёд гардид ва зимни сафари кории Сарвари давлат дар моҳи августи соли ҷорӣ доир ба масъалаи таъмиру барқарорсозии 25 километр роҳи мошингарди Яғноб-Айнӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки барои боз ҳам бештар тараққӣ додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ имкониятҳои то ҳанўз истифоданашуда хеле зиёданд. Тавре ки борҳо зикр намудаам, ноҳияи Айнӣ дорои табиати зебову биҳиштосо буда, мавқеи мусоиди ҷуғрофии ноҳия, обу ҳавои тоза, чашмаҳои шаффофу шифобахш, Искандаркўл, Кўли Аловуддин ва водии Яғноб дар оянда барои ҷалби сайёҳон аз тамоми гўшаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ ва кўҳнавардӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид доир ба масъалаи таблиғу ҷалби сайёҳон ва ташкили инфраструктураи мувофиқ тадбирҳои зарурӣ ва мунтазамро амалӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Шумо хуб медонед, ки мо барои татбиқи нақшаву барномаҳои стратегиву ояндасози худ тамоми захираву имкониятҳои заруриро дорем. Дар ин самт, давлат ва ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама, ба нерўи бузурги созандаи халқи Тоҷикистон эътимоду итминони комил дорад.

Дар ин раванд, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меҳвари асосии ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии рушди миллиамон - таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Бо дарназардошти таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти озуқавории ватанӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумати мамлакат, ки рўзи 20-уми сентябр доир гардид, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи зиёд намудани майдони кишти картошка аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар давоми ду - се соли наздик истеҳсоли он то ба як миллион тонна расонида шавад ва ба ин васила эҳтиёҷоти торафт афзудаистодаи аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад.

Дар ин самт, албатта захираву имкониятҳо фаровонанд, танҳо истифодаи самараноки обу замин, тухмии баландсифат, таҷрибаву технологияи пешқадам ва парваришу нигоҳубини саривақтӣ зарур мебошад.

Дар баробари ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои неки пешгирифтаамон мо бояд ҳамеша шукронаи истиқлолият ва давлати озоду мустақиламонро ба ҷо орем, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллиамонро, ки шарти асосии бақои миллат ва давлатамон мебошад, ҳифз кунем ва онҳоро бо фаъолияти созандаву заҳмати софдилонаи худ тақвият бахшем.

Ҳамчунин, мо бояд барои идома бахшидани раванди бунёдкориву созандагии Ватанамон дучанд кўшиш кунем ва тавре кору фаъолият намоем, ки дар давоми солҳои наздиктарин симои шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишину кўчаву хиёбонҳои диёрамон боз ҳам ободу зебо гардад.

Дар пешорўямон мавсими зимистон истодааст ва бинобар ин, ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерўи барқу таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, танзими анъана ва расму оинҳо, таълиму тарбияи насли наврас дар рўҳияи ахлоқи ҳамида, хештаншиносиву ватандўстӣ, захираи маводи зарурии озуқаворӣ барои мавсими зимистон дар ҳар як оила, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо сўзишворӣ ва нигоҳдории роҳу ағбаҳо аҳамияти махсус дода шавад.

Итминони комил дорам, ки шумо - сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ дар оянда низ бо масъулияти баланд ва эҳсоси бузурги ифтихори миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ барои ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибихтиёр ва рушди давлати соҳибистиқлоли худ саъю талош меварзед.

Бо изҳори ҳамин орзуву ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ва кулли сокинони водии Зарафшон тантанаи нуру зиёи истиқлолият – бунёди зеристгоҳ ва хатти барқи «Хуҷанд – Айнӣ» ва ифтитоҳи нерўгоҳи барқи обии «Марзич»-ро бори дигар табрик гуфта, ба ҳар кадоматон хонаободиву сарбаландӣ ва рўзгори осуда орзумандам.

Ҳамеша хушбахту саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520