Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо фаъолони вилояти Суғд

06.04.2014 13:08, шаҳри Гулистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, афзун намудани истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Дар оғози машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8% ва кишоварзӣ 6% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун гардид.

Дар муҳлати ҳисоботӣ 28 корхонаи нави саноатӣ сохта ба кор дароварда шудааст.  Дар се моҳ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ин нишондод, тибқи нақша то охири сол ба 5 миллиард сомонӣ бояд расонда шавад. Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят авҷ гирифтааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ин кор то охири соли равон анҷом хоҳад ёфт.

Нақшаи киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта то 15 апрел ба анҷом мерасад.

Дар се моҳ 372,4  миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 105% нақша мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони ташкили маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд арзи сипосу қадрдонӣ карда, таъкид дошт, ки ин гуна муассисаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд.

Бо баҳои баланд додан ба таъсисдиҳандагони корхонаҳои коркарди ширу гӯшт дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки чунин корхонаҳо низ бо ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохта, ба кор дароварда шаванд.

Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани ҳосилнокии пахта, ғалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520