Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан кард

28.09.2011 11:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, бо кори пахтакорон ва маҳсули кишти такрорӣ аз наздик шинос шуд.

Дар ҳудуди боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат ва ҳайати ҳамроҳи ў шоҳиди нашъунамои хуб ва ҳосили фаровони пахта шуданд, ки дар миёни қаторҳои ин боғи навбунёди намунавӣ кишт шудааст. Дар миёни қаторҳои боғҳои навбунёду ҷавон кишт кардани пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, албатта, намунаи хуби пурсамар истифода бурдани заминҳои корам ва иҷрои маслиҳату ҳидоятҳои муфиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Деҳқонони Асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳосили фаровони пахта рўёндаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 10 ҳазору 800 гектар пахта кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. То имрўз аллакай 25 сентнерӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки мактаббачагон ба пахтачинӣ ҷалб карда нашаванд, то ки ба сифати таълиму тарбия ва саломатии насли наврас зиён нарасад.

Кишти такрорӣ низ дар заминҳои ин хоҷагиҳо васеъ ба роҳ монда шуда, ҳосили фаровон рўёнда шудааст.

Аҳли хоҷагии деҳқонии Султонбой Турсунов аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 250 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ҷойи он охирҳои моҳи июл дубора ҷуворимакка, мош, лўбиё ва дигар зироатҳо кишт намудаанд ва маҳсули кишти такрориашон ҳам наздик ба расидан аст.

Дар ду гектар замини дигар барои баҳори соли оянда пиёзи барвақтӣ кишт намудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки деҳқонони асили вилояти Суғд дар истифодаи босамар аз заминҳои корам, истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ нақши намоён мегузоранд.

Иҷоракор Аҳмадҷон Аҳмадов аз хоҷагии деҳқонии Абдурасул Азимов аз 2 га замини пиёз 230 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ҷойи он такроран карам, мош, помидору бодиринг, лаблабўи сурх ва дигар сабзавоту лўбиёгиҳоро кишт намуда, ҳосили фаровон рўёндааст.

Дар хоҷагии деҳқонии Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, аҳли заҳмати он ҳам ҳосили фаровони пахта рўёндаанд ва ҳам кишти такрориро ба таври намунавӣ ба роҳ мондаанд.

ҳосили фаровони шолӣ ва истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан аз заминҳои обӣ, ҳамчунин дар заминҳои хоҷагии деҳқонии Деҳмойи ноҳияи ҷаббор Расулов ба назар мерасад.

Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Маҳмудҷон Абдуллоев, деҳқонони ин хоҷагӣ дар шоликорӣ таҷрибаи ғанӣ андўхтаанд ва аз ин кор фоидаи дилхоҳ ба даст меоранд. Тавре аён гардид, ҳар як хўшаи шолӣ то 185 дона дорад, ки нишонаи ҳосили фаровон аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 2700 га кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд, ки 80 гектари онро шолӣ ташкил медиҳад. Дар 1100 гектари дигар кишти асосии шолӣ гузаронда шудааст.

Натиҷаи пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар аст, ки имрўз истифодаи пурсамар аз заминҳои корами обӣ ба роҳ монда шуда ва ба ин васила истеҳсоли фаровони маҳсулоти ватанӣ ва пешгирӣ аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон таъмин мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520