Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод

10.04.2014 12:13, ноҳияи Файзобод

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар оғози бунёди боғи нав ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Файзобод сафар кард.

Иштирок дар оғози бунёди боғи нави себу нок дар мавзеи хушбодуҳавои Дашти Марзои ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Файзобод аз ҳадафҳои асосии боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Файзобод номида шуд.

Чунонки зикр гардид, ин боғ ба таври намунавӣ дар майдони беш аз 120 гектар доман паҳн хоҳад кард. Ба бунёд ва нигоҳубини ин боғ 60 хоҷагии деҳқонӣ машғул мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар яки он 2 гектарӣ замин рост меояд. Дар ин мазеъи зебо, ки обу хок ва иқлимаш барои парвариши боғи себу нок басо мусоид аст, беш аз 250 нафар бо кор таъмин шуда, ризқу рӯзӣ аз ҳамин ҷо ҳосил хоҳанд кард.

Тавре зикр гардид, ин заминҳо тайи солҳои охир бо сабаби корношоям гардидани заҳкашҳои сунъӣ ва баланд шудани обҳои зеризаминӣ аз истифодаи кишоварзӣ дур монда буд.

Акнун тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партову бекор ва ҳам доир ба бунёди боғоти нав ин заминҳо аз нав обод шуда, ба бустони зебо табдил меёбанд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар 13 соли охир дар ноҳияи Файзобод қариб 1000 гектар боғҳои нав бунёд гардида, барои соли 2014 бунёди зиёда аз 200 гектар боғ, аз ҷумла боғҳои интенсивии таҷрибавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин аст, ки нишондодҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» дар ноҳияи Файзобод пурра иҷро гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ҳамаи хонаводаҳои хоҳишманди бунёди боғ замин дода шавад, то ки ин кор ривоҷу равнақ пайдо кунад. Ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар дастур дода шуд, ки дар ноҳияи Файзобод минбаъд дар масоҳати 4 ҳазор гектар боғҳои намунавӣ барои истеҳсоли меваҳои содиротӣ бунёд намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ҳунарҳои зебои мардумии ноҳия дидан карда, доир ба таъмини рушди босуботи ин ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Файзобод ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Тавре таъкид гардид, рушди ҳунарҳои зебои мардумӣ низ метавонад аз манбаъҳои муҳими даромади хонаводагии мардуми ҳунарманд бошад.

Дар ҳамин ҷо лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхонаҳои мурғпарварии ҶДММ Мурғи Ҳилол муаррифӣ карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин марҳила 61 мурғхонаи нав барои парвариши мурғи гӯштӣ бунёд меёбад. Дар 29 тои он ҳамасола то 6 миллион сар парандаи гӯштӣ парвариш хоҳад ёфт. Тибқи нақша ҳар сол аз ин корхона 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба бозор пешниҳод карда мешавад. Барои таъмини босамари ин ҳадаф дар ин ҷо ҳамчунин инкубатор фаъол хоҳад шуд, ки ҳар сол 8 миллион сар чӯҷа бояд барорад. Чӯҷаҳо дар 12 мурғхонаи махсус муҷаҳҳазшуда, парвариш хоҳанд ёфт. 20 мурғхонаи дигар барои мурғи модар пешбинӣ шудааст, ки тухми онҳо барои баровардани чӯҷаҳои гӯштӣ истифода хоҳад шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар марҳилаи якуми корхонаи мурғпарварии Мурғи Ҳилол 32 мурғхона барои парвариши парандаи тухмгузор омода шуда буд ва ҳоло дар онҳо тақрибан 800 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва ҳамарӯза то 300 ҳазор тухм ба бозор пешниҳод карда мешавад. Истеҳсоли солонаи тухм қариб ба 100 миллион дона расидааст. Ояндаи наздик танҳо шумораи мурғи тухмгузор бояд ба 1 миллиону 200 ҳазор сар расонда шавад.

Дар ин корхона 500 нафар асосан занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар назди корхонаи мурғҳои тухмгузор низ 12 мурғхонаи иловагӣ барои чӯҷаҳои мурғҳои тухмгузор бунёд меёбад.

Дар назди ҶДММ Мурғи Ҳилол корхонаи инноватсионии биогаз низ бунёд меёбад, ки дар он аз поруи мурғ гази табиӣ, нерӯи барқ ва нуриҳои органикӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ин корхона ҳамарӯза 120 тонна пору мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар як шабонарӯз 12 ҳазор метри мукааб газ ва 1,2 мегаватт/соат нерӯи барқ тавлид хоҳад шуд. Дар як сол ин ҷо 9 миллиону 100 ҳазор киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад шуд. Барқи истеҳсолшаванда барои таъмини пурраи корхонаҳои ҶДММ Мурғи Ҳилол басандагӣ мекунад. Ҳаҷми солонаи истеҳсолии нурии органикӣ бошад ба 20 ҳазор тонна хоҳад расид.

Дар ин ҷо, корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво бунёд меёбад, ки дар як шабонарӯз беш аз 100 тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Барои бунёди корхонаҳои нави ҶДММ Мурғи Ҳилол 63 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз Бонки рушди Авруосиё ҷалб карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияту фаъолони ноҳия ва мардуми сершумори деҳоти атрофи ин мавзеъи зебо суханронӣ намуда, доир ба таъмини рушди босубот ва босуръати ин минтақаи кӯҳистон андешаҳои ҷолиб баён намуд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод оянда бояд ба беҳтарин ва бузургтарин ноҳияи боғпарвар табдил ёбад. Нишондодҳои картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал низ бояд афзун гарданд.

Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки шабакаҳои таъминкунандаи оби кишоварзӣ ва иншооти фарсудаи заҳкашии ноҳия аз нав барқарор карда шаванд.

Бо итминон таъкид гардид, ки ноҳияи Файзобод мавқеи худро чун яке аз таъминкунандагони асосии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти паранда, пеш аз ҳама тухм ва гӯшти мурғ бояд устувор гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520