Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиризода Ҷалил Сафар
Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиризода Ҷалил Сафар, 3 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1971-1981 дар мактаби миёнаи №3-и ҳамин ноҳия таҳсил намуда, онро соли 1981 бо медали тилло хатм намуд. Соли 1981 ба факултети иқтисодии Института хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1986 хатм намуд.

Аз соли 1986 то соли 2003 дар Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, лаборант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шӯъба ва муовини директор фаъолият намуд.

Солҳои 1987-1988 дар факултети махсуси Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви ш. Маскав таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси истифодаи моделҳои математики дар хоҷагии кишоварзӣ гашт.

Солҳои 1988-1991 дар аспирантураи назди Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёти кишоварзӣ таҳсил намуд. Соли 1993 рисолаи номзадӣ ва соли 2004 рисолаи докториро дар шаҳри Москва ҳимоя намуд.

Аз моҳи майи соли 2003 то соли 2007 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба сифати декан ва ноиби ректор дойр ба корҳои илмӣ фаъолият дошт. Солҳои 2007-2011 вазифаи директори Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзиро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2011 ба вазифаи Мудири шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашта, аз моҳи марти соли 2014 инҷониб сардории Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯхда дорад.

Соли 2006 аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии Федератсияи Россия ба унвони профессор бо ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ» ва соли 2007 аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Соли 2009 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ интихоб гашт.

Зери роҳбарии ӯ 24 нафар рисолаи докторию номзадӣ ҳимоя намуд. Дар ин муддат зиёда аз 85 асару мақолаҳои илмию таълимӣ ба нашр расондааст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520