Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳмадализода Алимурод
Сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маҳмадализода Алимурод 14 ноябри соли 1954 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1975 шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтери дар ҳочагии қишлоқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 ҳамчун иқтисодчии риояи оиномаи колхозҳои Умури хоҷагии қишлоқи ноҳияи Данғараи Вазорати хоҷагии кишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Аз соли 1979 то соли 1982 сариқтисодчӣ, аз соли 1982 то соли 1984 сармуҳосиби хоҷагии ба номи Фрунзеи ноҳияи Данғар кор кардааст. Аз соли 1984 то соли 1993 сармуҳосиби хоҷагии ба номи Дзержинский ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз моҳи марти 1993 то мохи октябри 1993 дар вазифаи мудири Шӯъбаи иқтисод ва ояндабинии Комиҷроияи ноҳияи Данғара ва аз соли 1993 то соли 1998 сармуҳосиби корхонаи фаръи ноҳияи Данғара ифои вазифа намудааст.

Аз соли 1998 то соли 1999 муовини сардори нозироти андози ноҳияи Данғара ва аз соли 1999 то соли 2005 ҳамчун муовини Раиси ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 2005 то соли 2006 дар вазифаи Сардори департаменти соҳавӣ ва минтақавии Вазорати иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2006 то соли 2007 муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2011 Директори Генералии авиакомпанияи «Тоҷик Эйр» кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 январи соли 2011 Сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор падари 5 фарзанд мебошад.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520