Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди Занон

07.03.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Модарон ва хоҳарони азиз!

Шуморо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занон, ки мо онро ҳар сол бо муҳаббат ва самимияти хоса ҷашн мегирем, табрик менамоям.

Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба зан-модар, яъне офарандаи ҳаёти башар мебошад.

Мо - тоҷикон, ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модар ва ба қавли бузургонамон олиҳаи зиндагиро баланд қадр мекунем.

Ин қадршиносиву муҳаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояҳои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва беҳуда нест, ки дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи миллатамон занон ҳамеша мавқеи хоса ва нақши барҷаста доштаанд.

Дар дини мубини ислом низ зан-модар дар пояи баланд қарор дорад. Китоби осмонии мусулмонони олам - "Қуръон"-и маҷид ба мақоми зан, ҳимояи ҳуқуқ ва қадри иҷтимоии ӯ баробар бо мардон арҷ мегузорад.

Ба шарофати истиқполияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳукуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод карда шуд.

Давлат ва сохторҳои дахлдори он дар таҳия ва татбиқи сиёсати баробарҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақоми зан ва таъмини риоя ва ҳимояи ҳуқуқи қонунии онҳо нақши асосӣ ва муайянкунандаро ба зиммаи худ гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои сиёсати баробарҳуқуқӣ, инчунин тадбирҳои мушаххасро доир ба татбиқи онҳо муайян кардааст.

Дар ин самт аллакай як қатор барномаҳо ва нақшаи тадбирҳои ҳукуматӣ дар амал татбиқ шудаанд ва мо ин равияро минбаъд низ гусгариш хоҳем дод.

Ҳарчанд ки солҳои охир ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб кардани занҳои қобилиятноку ташкилотчӣ суръат гирифта, фоизи намояндагии онҳо дар шохаҳои мухталифи ҳаёти давлатӣ нисбат ба кишварҳои дигар хеле баланд аст, вале ин ҳанӯз нокифоя мебошад. Занону духтарони лаёқатманд ва дорои маҳорати баланди кордониву роҳбарӣ бояд дар ҷомеа ҳамеша дастгирӣ ёбанд. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бе иштироки фаъолонаи занон ғайри имкон аст.

Бо мақсади тарбияи мутахассисон ва кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ҳашт сол мешавад, ки ба духтарони болаёқати ноҳияҳои кӯҳистон барои таҳсил дар мактабҳои олии мамлакат имтиёз муқаррар карда шудааст.

Танҳо соли гузашта беш аз 600 нафар духтарон тибқи имтиёз ба мактабҳои олӣ бе имтиҳон дохил шуданд. Ҳоло дар мактабхои олии кишварамон зиёда аз 2200 нафар духтарон дар асоси имтиёз таҳсил мекунанд ва мо умед дорем, ки оянда онҳо дар ҷомеа бо дониши пухта ва фаъолияти худ мақоми шоиста пайдо мекунанд.

Ҳифзи иҷтимоӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ва тандурустии модару кӯдак аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Дар айни замон дар кишварамон бештари занон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд, инчунин аз се як ҳиссаи занони қобили меҳнат бо соҳибкории хурд машғул ҳастанд. Лекин онҳо дар масъалаи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави хоҷагидорӣ ва ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои роҳбарӣ дар истеҳсолоти кишоварзй ҳанӯз камфаъолият мебошанд.

Мақомот ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ дар ин бобат бояд занони соҳибкор, пеш аз ҳама онҳоеро, ки ният ва имконияти тайёр кардани ҷойҳои нави кориро доранд, дастгирӣ намоянд.

Дар сурати аз фаъолияти тиҷоратӣ бештар ба истеҳсолот, яъне ташкили корхонаҳои хурди истеҳсоливу хизматрасонӣ рӯ овардани занони сохибкор на танҳо худи онҳо, балки бисер занони дигар низ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки то ҳанӯз масъалаҳои демографӣ ва танзими оила, яъне афзоиши бенизоми оила, идома пайдо кардани маъракаҳои серхароҷот ба беҳбудии вазъи моддӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии бисер оилаҳои кишварамон таъсири манфӣ мерасонанд.

Умедворам, ки шумо - модарону хоҳарони арҷманд дар баробари ба даст гирифтани ташаббус дар бобати ба низом даровардани оила ва расму оинҳои халқӣ, тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солими ҷомеа, инчунин дар пешрафти иктисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши иктидори истеҳсолӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда мегузоред.

Зеро корҳое, ки имрӯз ба хотири ободии Ватан амалӣ шуда истодаанд, танҳо бо дасти насли наврас ва фақат дар сурати тарбияи модарон, яъне эҳсоси гарми одамияту башардӯстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва бунёдкориву созандагӣ идома пайдо карда метавонанд.

Ва мо танҳо дар ҳамин сурат ба ояндаи ободи Ватанамон ва шукуфоии Точикистони азизамон умед баста метавонем.

Бори дигар хамаи шуморо, модарону хоҳарони азиз, бо идатон табрик намуда, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ, фаровонӣ ва файзу баракат орзумандам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520