Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

24.06.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бистуҳафтуми июни ҳар сол дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон - Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи шумоёнро самимона табрик менамоям.

Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, даҳ сол сипарӣ шуд. Мо ба аҳли ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои дӯст ва ҳаммарз исбот кардем, ки ба идеяи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот содиқ ҳастем ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳем. Ҳамчунин собит намудем, ки ҳадафи асосии мо эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа, зиндагии бошарафона ва хушбахтонаи аҳолӣ мувофиқ бошад.

То имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намудем. Дар давоми қариб чор сол ҳашт даври музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом додем. Дар ин раванд ҳадафи асосии мо таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.

Инчунин барқарор кардани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти мо буданд.

Дар баробари чунин талошҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шахсоне ҳам буданд, ки ба натиҷаи мусбати ин музокирот ва ҳалли масъалаҳои давлатии Тоҷикистон бо шакку шубҳа менигаристанд ва кӯшишҳои моро барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдат танҳо бозии сиёсӣ мепиндоштанд. Ғайр аз ин, як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод менамуданд, ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, баргаштани гурезаҳо сахт муқобилият мекарданд ва ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам чандин маротиба бо ҳидояту дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табаддулоти низомӣ заданд. Ҳамчунин дар дохили Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳое буданд, ки бо доираҳои муайяни кишварҳои дигар забон як карда, нақшаи тақсимоти ҳудуди кишварамонро мекашиданд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд. Вале Ҳукумат сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод.

Роҳбарияти давлат ва собиқ мухолифин пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои бунёдии миллату давлат ва дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои аз бӯҳрони шадид баровардани ҷомеа талош мекарданд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз миллати тоҷик, ҳамаи афроди ватанпараст ва ҷонибдорони ваҳдату бақои миллат пуштибони сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат буданд. Ин давра дар ҳақиқат давраи таърихии оғози бунёди давлати нави миллии тоҷикон гардид.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам дар назди миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун ва сулҳпарвари тоҷик, ки барои барқарории сулҳу оромӣ хизмати бузург ва беназири таърихӣ кард, сари таъзим фуруд орам. Ба ҳамаи шахсоне, ки аз ҳарду ҷониб дар гурӯҳҳои кории музокирот заҳмат кашиданд, миннатдории бепоён изҳор менамоям. Инчунин аз ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳое, ки дар раванди сулҳи тоҷикон саҳми беғаразона гузоштанд, сипосгузорем.

Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки ҷанги шаҳрвандӣ аслан таҳмилӣ буд. Дар бораи сабабҳо ва омилҳои сар задани он, инчунин раванди музокирот ва таъмини сулҳу субот ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он китобҳо ва мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд. Лекин қисме аз онҳо аз мавқеи ин ё он давлати дигар ё аз мавқеи ғаразноки баъзе ашхоси бегонапараст бо маънидоди ғалати ҳақиқати таърихӣ навишта шудаанд. Дар онҳо кӯшиши худро ғамхору сарсупурдаи миллат ва қаҳрамони халқ нишон додани баъзе муаллифон равшан дида мешавад. Вале ба андешаи ман то ҳол таърих чунин ҳолатеро ёд надорад, ки дар ҷанги ҳамватанӣ, яъне низои дохилимиллӣ касе соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуда бошад.

Баъзе аз ин асарҳо бе шиносоӣ бо вазъияти воқеии Тоҷикистон, бо изофаи хаёлоту бофтаҳои муаллифонашон ва бо фармоиши ин ё он супоришдиҳанда навишта шудаанд. Дар баъзеи онҳо муаллифон, яъне қаҳрамони китобҳо худро бегуноҳ нишон дода, бори масъулияти рӯзҳои фоҷиаборро аз Гардани хеш соқит карданӣ шудаанд. Вале асарҳое ҳам таълиф шудаанд, ки холисона ва бо риояи одоб ва принсипи адолат сабабҳо ва ҷараёни ҳодисаҳои нохушро баён намудаанд.

Бо гузашти айём, ҳақиқати таърихии барқарор шудани оромӣ, пояҳои давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳарчи бештар таъмин гардидани озодиҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва аз байн рафтани фазои тарсу ваҳм ва нобоварӣ дар кишварамон бояд ба таври воқеӣ дастраси мардум ва наслҳои оянда гардад. Манзури ман аз ин гуфтаҳо он аст, ки мо ҳама якҷо моҳият ва оқибатҳои фоҷиаи бузурги миллии худамонро одилона таҳлил карда, ба наслҳои оянда сабабҳои фоҷиаи бузурги таърихиро расонем, то ки онҳо дигар ба чунин хатоиҳо роҳ надиҳанд.

Дар ҷараёни музокирот мо аз ҳарду ҷониб зарурати ваҳдат ва сулҳи пойдорро дарк намуда, ба ҷойи тиру камон дасти дӯстиро ба ҳам додем. Дере нагузашта таърих ба куллӣ собит кард, ки роҳи пешгирифтаи мо дуруст ва иқдомҳоямон дар ин роҳ комилан саривақтӣ, дурандешона ва ҷавобгӯи орзуву омоли миллати тоҷик будаанд. Мо имрӯз метавонем гӯем, ки хирад ва заковати фитрии миллатамон, ки моҳиятан сулҳпарвар ва сулҳдӯст аст, омили асосӣ ва бузургтарини сулҳу ваҳдати миллӣ гардид. Имзои Созишномаи умумиӣ истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ гаштани чандин нақшаҳо заминаи хуб ба вуҷуд овард.

Пеш аз ҳама, мо тавонистем ҳамаи ҳамватанони фирории худро, ки дар кишварҳои дигар дар ҳолати мушкилиҳои сахт зиндагӣ мекарданд, дар муддати кӯтоҳ ба Ватани аҷдодӣ ва ҷойҳои сукунати аслиашон баргардонем. Ин кор барои ваҳдати миллӣ ва аз байн бурдани низоъ омили муҳим гардид. Ҳукумат бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ хонаву мактабҳо, беморхонаву кӯпрукҳо ва иншооту биноҳои дигари сӯхтаву харобшударо барқарор намуд. Низоми зиндагӣ дар ноҳияҳои ҷангзада ба эътидол даромад, бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳал гардиданд.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард. Ба шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд, яъне сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Муҳимтар аз ҳама раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Ҳарчанд ки гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ - қабул гардидани ин санади тақдирсози миллатамон дур мебарад, вале аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он торафт меафзояд. Дар шуури мардуми кишварамон зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту инкишофи ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷоӣ мегирад. Ҳаёти баъди солҳои мухолифати мусаллаҳона нишон дод, ки барои ҷомеа аз сулҳу оромӣ неъмати азизтар ва бузургтаре вуҷуд надорад.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулху субот хукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем. Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои глобализатсионӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад. Зеро мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадум то кадом андоза даҳшатнок ва фоҷиабор будани низои дохилӣ, оқибатҳои харобиовари беқонуниву беҳокимиятӣ ва ба андешаву афкори бегонапарастона ва таҳмилӣ гаравидани табақаҳову гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро дарк намуд.

Вақте ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлату давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ шуд, ба ҷойи шукрона кардан аз чунин бахти таърихӣ ва истифода бурдан аз имконияти барои халқамон фароҳамовардаи истиқлолият, аз ҷумла соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ намудани мероси ба Тоҷикистон тааллуқдоштаи давлати собиқ Шӯравӣ мардуми мо таҳти таъсири омилҳои гуногуни берунӣ ба гирдоби муноқишаҳо ва мухолифати мусаллаҳона гирифгор гардид, ки ин ниҳоят нангин ва сангин буд. Нангин аз он ҷиҳат, ки дар миёни миллати соҳибтамаддун ва дорои таърихи чандинҳазорсола чунин фитнаву дасиса роҳ ёфт ва сангин аз он лиҳоз, ки дар натиҷаи чанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ қурбон шуда, беш аз як миллион нафар маҷбуран хонаву маҳалли зисти худро тарк кард ва зарари моддиву маънавии зиёд дид, инчунин ба иқтисодиёти кишвар зиёни бузург расид.

Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахсе ё гурӯҳе имрӯз аҳамияти ин дастовардро, ки бо майлу ирода ва пуштибонии халқ насиби мо шудааст, нодида гирифта, паҳлӯҳои гуногуни ин раванди таърихиро таҳти шубҳа қарор медиҳад, нотавонбин ва ношукр аст. Ба назар чунин мерасад, ки ин гуна ашхос даҳшату фоҷиаи он солҳои нооромро аллакай аз хотир баровардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки чанд сол қабл аз ин на танҳо аз баёни ошкорои фикри худ, ҳатто аз гаштугузор дар кӯча ва нишастан дар хонаҳои хеш тарсу ҳарос доштанд. Аз ин рӯ, аз сулҳу суботе, ки ҳоло ҳукмфармо гардидааст, бояд шукрона кард.

Ҳамаи камбудиву норасоиҳоро Ҳукумат хуб медонад ва пайваста дар андешаи рафъи онҳо мебошад. Вале бартараф кардани онҳо пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, ваҳдат ва сабру таҳаммул мехоҳад. Ҳамчунин набоад фаромӯш кард, ки ҳалли проблемаҳо ва рафъ кардани нуқсонҳои ҷомеа вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки ҳар фарди ҷомеа бояд дар ин кор саҳм гузорад.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд дорад, ки яке аз сабабҳои асосии ба гирдоби низоъ кашида шудани тоҷикон пеш ҳама поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ, аз доираи қонун берун баромадани баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ё ҳизбии худро аз манфиатҳои давлату миллат афзалтар донистани онҳо, инчунин фаъолияти тундравона ва ғаразноки як қатор воситаҳои ахбори умум буд.

Ин воқеият аст. Агар ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум дар ҷараёни иҷрои рисолати оинномавӣ, анҷом додани вазифаҳои худ пеш аз ҳама оромиву суботи ҷомеаро, ки худашон дар он фаъолият мекунанд, ба назар гирифта, бо риояи қонунгузории амалкунанда ва одоби журналистӣ барои пешрафти он кӯшиш ба харҷ диҳанд, касе ё қувваи беруние наметавонад ақида ва идеологияи ғаразноки худро ба сари мардум таҳмил намояд ва суботи ҷомеаро халалдор созад.

Тарғибу талқини ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани таърихи миллат вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Яке аз дастовардҳои мо озодии виҷдон аст, ки шакли муҳими демократия маҳсуб меёбад ва дар ҷомеа торафт таҳким ёфта истодааст. Ин бешубҳа аз натиҷаҳои намоёни раванди сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Кофист ба ёд орем, ки танҳо чанд сол пеш дар кишвар атеизми давлатӣ ҳукмрон буд ва дар риояи заруратҳои динӣ ба озодӣ роҳ намедод.

Дар Тоҷикистон 97 фоизи аҳолӣ мусулмон аст. Вале тибқи Конститутсия барои дигар ҷараёнҳои мазҳабӣ ҳам озодиҳо муқаррар шудаанд. Хушбахтии бузург аст, ки озодиҳои мазҳабӣ ва ҳуқуқи мо ба тарзи зиндагии дилхоҳ маҳдуд ва таъқиб карда намешаванд, агар дар онҳо қонуншиканӣ роҳ наёфта бошад. Ин принсип дар Конститутсия дарҷ шудааст ва нишонаи муҳимтарини демократия дар Тоҷикистон мебошад. Он асоси зиндагии ахлоқии шаҳрвандони моро ташкил дода, пеши роҳи экстремизми диниро мегирад ва ба меъёрҳои демократияи ҷаҳонӣ мутобиқ аст.

Озодии виҷдон ва дигар принсипҳои демократӣ барои ба даст овардани ризоият дар кишвар имконият фароҳам сохтанд. Вале озодии виҷдон маънои сӯиистифода аз дину эҳсосоти мазҳабии мардумро надорад. Сӯиистифода аз дину мазҳаб боиси пайдо шудани таъбирҳое мисли экстремизми динӣ, экстремизми исломӣ ва монанди инҳо гардидааст. Дар асл ба дини мубини ислом нисбат додани экстремизм ба ҷуз ғаразҳои сиёсӣ, бадном кардани он ва мардуми мусулмон ҳадафи дигаре надорад. Аз тарафи дигар гурӯҳҳо ва созмонҳои экстремистие ҳастанд, ки гоҳо дар либоси динӣ намоён мешаванд, то ин ки ақидаву мақсадҳои онҳо дар байни мардуми диндор тарафдор пайдо намоянд.

Дар аксари мамлакатҳои мусулмонӣ чунин гурӯҳу созмонҳои ифротӣ аз тарафи ҷомеаи ин кишварҳо маҳкум шудаанд. Барои ин созмонҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва миллӣ бегона аст, онҳо фақат манфиатҳои маҳдуд ва гаразноки иқтисодию сиёсиро мақсади худ қарор додаанд ва пояҳои давлати миллиро заиф сохта, ба пешрафти иҷтимоӣ ва робитаи байни миллатҳо мамониат мекунанд, низои мазҳабию миллиро дар ҷомеа бармеангезанд. Манфиатҳои кишвару миллат тақозо мекунанд, ки бар зидди ҳизбу созмонҳои экстремистӣ дар доираи қонун мубориза бурда, ҳуқуқу озодиҳои мардум ҳимоя карда шаванд. Дар Тоҷикистон, чунон ки таъкид шуд, озодии комили эътиқоди динӣ дар асоси принсипи гуногунандешӣ татбиқ шудааст.

Бо қаноатмандӣ қайд мекунам, ки тамоми мардуми Точикистон ҳаракатҳои ифротиро маҳкум мекунанд ва сиёсати давлатро дастгирӣ менамоянд, ба хотири оромию осоиши кишвар ва обрӯю эътибори халқу Ватанамон саъю талош доранд. Бинобар ин, мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳеҷ як ҳаракати экстремистӣ дар кишвари мо заминаи қавӣ надорад ва ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро халаддор карда наметавонад.

Ифтихори миллӣ дар давоми асрҳо заминаи асосни кӯшишу талошҳои миллати мо барои соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии худ буд. Вобаста ба ин, ҳадаф аз ҷанги граждании ибтидои солҳои 90-ум пеш аз ҳама зарба задан ба ҳисси ифтихори миллии мо ва бо ҳамин роҳ пароканда кардани миллат ва аз байн бурдани давлати тоҷикон буд.

Дар давраи низои дохилӣ шахсон ва гурӯҳҳое буданд, ки ба ҷойи ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳу субот баръакс худтаҳқиркунӣ ва худкушии миллати моро талқин мекарданд. Раванди сулҳу субот ба таҳкими истиқлолияти кишвар заминаи боэътимод гузошта, миллатамонро аз худкушиву худтаҳқиркунӣ раҳо намуд ва ҳисси ифтихори миллиро боз ҳам баланд бардошт.

Баъзе ашхос ҳатто то ба имрӯз ба сиёсати мо ба таври амиқ сарфаҳм нарафтаанд, ки чаро ин қадар ба таърих, ба эҳёи хиради азалии тоҷикон рӯй оварда, дар шароити мушкили иқтисодӣ ин қадар ба ёдгориҳои таърихӣ ва эҳёи суннатҳои бузурги гузаштаи миллатамон таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Аммо ин сиёсати мо аз ҷониби аксарияти мардум пуштибонӣ ёфтааст, чунки имрӯз он ҳисси ифтихори миллиро воқеан ҳам баланд мебардорад.

Барои чӣ мо дар бораи ифтихори миллӣ бисёр сухан мегӯем? Пеш аз ҳама барои он, ки ифтихори миллӣ манбаи нерӯи миллат ва худшиносии миллӣ буда, дастовардҳои бузурги таърихиро ба вуҷуд меорад. Ифтихори миллӣ эҳсоси гарму гувороест, ки фарзандони миллатро ба заҳмату талошҳои созанда ба хотири ободии Ватан, оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва афзун гардонидани мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ раҳнамоӣ мекунад ва миллатро дар байни халқҳои дигар обрӯманд мегардонад.

Таърихро инкор кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, аз таърихи навини мо раванди сулҳу суботро низ сарфи назар карда намешавад. Зеро маҳз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои эҳёи миллат заминаи мусоид ба вуҷуд овард. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин шарти ҳатмӣ ва асоси боэътимоди рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мебошад, зеро меҳнати созандаву пурсамар танҳо дар шароити оромии ҷомеа имкон дошта метавонад.

Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки иқтисодиёти Тоҷикистон аз оғози низои дохилӣ то соли расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ босуръат рӯ ба таназзул ниҳода буд. Дар давоми солҳои 1992-1997 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 -ум 3 баробар кам шуд, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ ҳамин қадар, маҳсулоти кишоварзӣ - ду баробар, молҳои ниёзи мардум - панҷ баробар паст шуда, даромади пулии аҳолӣ бештар аз ҳашт маротиба кам гардид.

Натиҷаҳои сулҳу субот тадриҷан дар эҳёи иқтисодиёти кишвар инъикос ёфтанд. Дар соли 2003 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1997-ум 1,6 баробар, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ -1,7, кишоварзӣ -1,5, молҳои ниёзи мардум - 1,7 баробар афзуд. Даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат ду баробар зиёд шуд.

Вазъи камбизоатӣ ҳамчун проблемаи асоситарини ҷомеаи мо дар давоми солҳои охир рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Маҳз натиҷаи оромиву суботи ҷомеа аст, ки имрӯз мо доир ба ҳалли проблемаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардум тадбирҳо андешида, амалӣ карда истодаем. Бо мақсади таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва ривоҷи ҳамкориҳои берунаи иқтисодӣ дар бобати аз бунбасти нақлиётӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва сохтмони роҳҳои ҳозиразамони дохилӣ чорабиниҳои барномавӣ қабул кардаем ва корҳо дар ин самтҳо мувофиқи нақша давом доранд.

Тоҷикистони имрӯза торафт таваҷҷӯҳи сармоягузорони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб карда истодааст. Соли 2003 ҳаҷми умумии сармоягузориҳое, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид гаштааст, нисбат ба соли 1997 қариб 8 маротиба зиёд шуда, ба маблағи зиёда аз 800 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Умед дорем, ки бо таҳкими дастовардҳоямон, пеш аз ҳама дар самти сулҳу оромӣ ва суботи иқтисодӣ дар ояндаи наздик дараҷаи аз имрӯза беҳтари зиндагии мардуми Тоҷикистони азизамонро таъмин мекунем.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо оромиву суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, хулоса муҳити солими ҷамъиятӣ зарур аст. Бо дарназардошти ин, аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бояд аз хурд то бузург ҳама ба хубӣ эхсос, кадр ва ҳифз намоем. Дар ин самт вазифаи мақомоти давлатӣ, олимону зиёиён, аҳли адаб ва кормандони воситаҳои ахбори умум, падару модарон ва тамоми ҷомеа тарбия кардани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст мебошад.

Тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯӣ, донишманд ва забондон ҳоло аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мост, зеро корҳоеро, ки аз оғози истиқлолият то имрӯз сурат гирифтаанд, танҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва баландихтисоси миллӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт идома ва таҳким бахшида метавонанд. Дар раванди демократиконии ҳаёти ҷомеа раъйпурсиву интихобот воситаи асосии муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди кишвар мебошад. Дар ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, инчунин ба идоракунии давлат марбутанд, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба ақлу заковат ва иродаи халқ такя мекунад. Яъне мардум бо роҳи ифодаи майлу иродаи худ оянда ва сарнавишти хешро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, ҳеҷ кас ба ҷойи мардум ё бархилофи майлу хоҳиши халқ ояндаи онро таъин карда наметавонад. Дар ин замина барои тақвияти ризоияти ҷомеа ва такмили қонунгузории интихобот ба наздикӣ Маҷлиси намояндагон ба Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид кард. Баъди муҳокимаи тағйиру иловаҳои пешниҳодкардаи аъзоёни фраксияҳо ва гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ба зиёда аз 20 модда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, яъне 70 фоизи пешниҳодҳои манзуршуда қабул гардиданд. Ин шаҳодати риояи принсипҳои демократӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.

Вобаста ба ин мехостам таъкид намоям, ки ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани чунин чорабиниҳо набояд ба маъракаҳои ҷудо кардани мардум ба қисматҳо ва гурӯҳҳо табдил дода шаванд. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бо эҳсосоти мардум бозӣ кардан ва ба хотири таъмини манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ аз манфиати ҷомеа, миллат ва давлат сарфи назар кардан оқибати хуб надорад.

Фаромӯш набояд кард, ки халқи мо ҳанӯз аввалин сабақҳои демократия ва арзишҳои демократиро азхуд карда истодааст ва дар ин раванд як сухани беҷо ё як рафтори ғаразнок метавонад ба оромиву суботи ҷомеа халали ҷиддӣ ворид намояд.

Аз ин лиҳоз, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки демократия диктатураи конун аст. Ҳалли тамоми масъалаҳо бояд танҳо дар доираи қонун сурат гирад. Бинобар ин, ҳамаи мо бояд кӯшиш намоем, ки пеш аз ҳама барои интихоботи озод ва шаффоф шароит фароҳам созем. Умедворем, ки ҳар як маъракаи сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи дарпешистодаи Парламент ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити душвори давраи гузариш ва вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон ҳар як иқдоми навбатӣ ва комёбии нав ба осонӣ муяссар намегардад. Мо ҳанӯз дар оғози роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорем. Аз ин рӯ, дар роҳи пешгирифтаи мо ҳоло мушкилоти зиёд мавҷуданд ва барои бартараф намудани онҳо ба ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат зарур аст, ки хамеша пуштибони сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат бошад. Мо принсипҳои асосии демократиро дар кишвари худ марҳила ба марҳила ҷорӣ карда истодаем, то ин ки ҷомеа онҳоро азхуд карда, ба ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сиёсӣ мутобиқ намояд.

Ҳоло аксарияти давлатҳои демократӣ, созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ дастовардҳои Тоҷикистонро дар роҳи барқарор кардани сулҳу субот ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии сухан, гуногунандешии сиёсӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор медиҳанд. Сарфи назар аз ҳамаи ин, мо худ низ эҳсос менамоем, ки чи тавр ҷомеаи Тоҷикистон ба таври мусбат дигаргун мегардад. Мо ба раванди таҳкими истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ суръат бахшида, дар роҳи пешгирифтаи хеш қадамҳои устувор гузоштаем. Натиҷаи татбиқи сиёсати мазкур дар он зоҳир мегардад, ки аксарияти мардуми Тоҷикистон онро дастгирӣ мекунад, зеро мақсаду мароми мо сулҳу суботи ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва густариши худшиносиву ифтихори миллӣ мебошад.

Мо ҳамвора кӯшиш дорем, ки ҳар як хишти бинои давлати нави соҳибистиқлоли тоҷикон дуруст ва мустаҳкам гузошта шавад ва иморати давлатдории яке аз миллатҳои қадимтарини олам - тоҷикон дар ҷаҳони мураккаби ибтидои ҳазорсолаи сеюм симои хоси хешро дошта бошад ва дар худ таърихи пурифтихори гузашта, арзишҳои умумимиллӣ ва ояндаи неки мардумамонро инъикос карда тавонад. Дар баробари ин, мо бояд ҳар як иқдоми худро бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатиамон ва дар рӯҳияе амалӣ намоем, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Сохтори муосири муносибатҳои байналмилалӣ воқеан тағйир ёфт. Дар ибтидои асри XXI миқёси хатарҳои нав, ки инсоният дучори онҳо гардидааст, на танҳо кам, балки торафт зиёд шуда, хусусияти фалокатбор мегирад. Дар чунин шароит масъулият ва вазифаи Созмони Милали Муттаҳид, ки мақоми асосии ҳифзи сулҳ ва амнияти кишварҳо мебошад, бояд якчанд маротиба афзун гардад.

Пешгирии чунин масъалаҳои глобалӣ, ба монанди таҳдиди экологӣ, терроризм, экстремизм, камбизоатӣ, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои оби ошомиданӣ танҳо бо роҳи муттаҳид намудани кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст. Аён мегардад, ки дар ҳазорсолаи сеюм масъалаи рушди аҳолӣ аз ҳудуди давлатҳои алоҳида берун баромада, ба проблемаи глобалӣ табдил меёбад ва он назорату танзими вазъи демографиро дар миқёси сайёра тақозо менамояд. Инсоният дар асри нав бояд дар бобати тарғиб ва густариши арзишҳои умумибашарӣ, пеш аз ҳама фарҳанги сулҳ талош намояд ва бо истифодаи нерӯи зеҳнии худ насли нави одамонро дар рӯҳияи эҳтиром ва дастгирии сиёсати фарҳанги сулҳ ба камол расонад.

Барои он, ки мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ устувор боз ҳам тақвият ёбад ва дастовардҳои истиқлолияти давлатамон таҳким гардад, ба ҳар фарди бонангу номуси Ватанамон зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватанпарастиву миллатдӯстии хеш ва бо гуфтору рафтори ҳаррӯзаи худ ҳамеша ваҳдати миллиро талқин намояд.

Зеро маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷоӣ дода метавонем.

Бигузор аз шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳар хонаводаи тоҷик ҳамеша дар амон бошад!

Бори дигар Рӯзи ваҳдати миллиро ба шумо табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакатамон оромиву ободӣ ва файзу баракат орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520