Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 100 - солагии Мирзо Турсунзода

14.10.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100 - солагии шоири шаҳири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин ҷамъомад намояндагони соҳибнуфузи аҳли эҷоди Тоҷикистон ва дўстону шогирдони сершумори устод Турсунзода аз дохил ва хориҷи кишвар ба толори зебою пуршукўҳи театри мазкур ташриф оварда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таҷлили 100 - солагии Мирзо Турсунзодаро идомаи мантиқии истиқболи солгарди 20 - уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон номид, зеро ба андешаи ў, осори ин шоири бузург ва қаҳрамони барҳаққи Тоҷикистон саршор аз афкори ватандўстӣ, озодию истиқлолият, сулҳхоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ ва инсондўстӣ аст.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як фарди бедордили тоҷик баҳри ҳифзи Ватан, озодию истиқлолият, рукнҳои давлатдории миллӣ ва асолату ҳувияти миллӣ бояд аз осори Турсунзода ҳушёрӣ, зиракӣ ва дурандешӣ биомўзад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба шоирону нависандагон ва ҳамаи аҳли қалами имрўзи Тоҷикистон осори Турсунзодаро беҳтарин намунаи васфи ғояҳои ватандўстӣ, озодию истиқлолият ва мактаби тарбияи кадрҳои ояндасози давлати мустақилли тоҷикон арза намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба созмони ҷаҳонии илму фарҳанг ЮНЕСКО барои таҳти васоёи худ пазируфтани ҷашни 100 -солагии шоири ҷаҳонигаштаи тоҷик Мирзо Турсунзода арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

ҷамъомади тантанавии бахшида ба 100 - солагии Мирзо Турсунзода бо пешкаш намудани барномаи пуршукўҳи фарҳангӣ, ки саросар дар асоси осори пурғановати адабию фарҳангии худи шоир таҳия гардидааст, идома ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520