Имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимиқом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъутомҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифт.
Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.
Мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома меёбад.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расад.