Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон

05.05.2014 12:35, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5-6 майи соли 2014 сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Роҳбарони давлатҳo дар фазои гарму дӯстона ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои байни Туркманистон ва Тоҷикистонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, дар робита бо масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб табодули назар намуданд.

Президентҳо аз сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, саъю талошҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва таъмиқи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба таъйид намуданд.

Роҳбарони давлатҳо ба идома ва тақвияти муколамаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар сатҳи олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки он асоси мустаҳкамро барои тавсеаи минбаъдаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию башардӯстона бунёдгузорӣ менамояд.

Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, Президентҳо саъю кӯшишҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими сулҳу истиқрор, тақвияти фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Роҳбарони давлатҳо зарурати таъмиқи ҳамкориҳоро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа, аз ҷумла, бо роҳи таҳия ва татбиқи иқдомоти муштарак барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, таъкид намуданд.

Президентҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бо терроризм, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои замони муосир эътироф намуданд.

Президентҳо вусъатёбии босуръати заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Туркманистонро бо қаноатмандӣ қайд карда, зарурати идомаи фаъолиятро ҷиҳати тавсеа ва такмили минбаъдаи он тазаккур намуданд.

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи гуфтушунидҳо қабулгардида ҳамчун омили тавсеаи минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон хидмат хоҳанд кард.

Сарони давлатҳо ҷараёни мусбати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро қайд карда, мароми устувори худро ҷиҳати тақвияти фаъолияти муштарак дар ин соҳа ва истифодаи бештари имкониятҳои мавҷудаи ҳарду кишвар изҳор доштанд.

Бо мақсади ба сатҳи нави рушд баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, сарони Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати афзун додани самаранокии назоратро ҷиҳати дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани қарорҳои аз ҷониби Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ қабулгардидаро қайд намуданд.

Дар ин робита зарурати фаъолсозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзӣ таъкид гардид.

Тарафҳо ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои ҳамшарикӣ бо роҳи бунёди робитаҳои бевосита байни субъектҳои хоҷагидори ду кишвар дар соҳаҳои зикргардида таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Президентҳо аз сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи боркашонӣ ба воситаи роҳи оҳан ва ҳамлу нақли автомобилӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҷеъ ба дурнамои рушди шабакаи нақлиётию коммуникатсионии Осиёи Марказӣ ва ҳамгироии самараноки он ба инфрасохтори байналмилалӣ, сарони Туркманистон ва Тоҷикистон андешидани тадбирҳои муштаракро бо мақсади истифодаи васеътари иқтидори давлатҳои худ ҷиҳати бунёди шоҳроҳҳои нав, муҳим арзёбӣ намуданд.

Тарафҳо аҳмияти амалисозии лоиҳаи «Тоҷикистон –Афғонистон – Туркманистон»-ро, ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарини минтақа ба ҳисоб меравад, қайд намуданд.

Роҳбарони давлатҳо, ҳангоми баррасии дигар масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ, бо мақсади таъмини рушди устувори минбаъда, ба муҳимияти идомаи фаъолияти муштараки ду кишвар дар соҳаи истифодабарии оқилонаи захираҳои обию барқӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Президентҳо содиқ будани худро ба ҳифзу таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои мутақобилаи маънавию фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон таъйид намуданд. Дар ин росто аҳамияти тавсеаи минбаъдаи фаъолияти муштарак дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои фаҳангию башардӯстона, тавассути амалисозии бонизоми қарордодҳои қаблан дар ин соҳа байни ду кишвар бадастомада зикр гардид.

Бо мақсади таҳкими анъанаҳои дӯстии байни ду кишвар, Президентҳо идома додани баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистонро дар Тоҷикистон, инчунин табодули мунтазами ҳайатҳои намояндагони фарҳангу санъати кишварҳои якдигарро, изҳор намуданд.

Роҳбарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари ба вуқӯъомада ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои ояндадори фаъолияти муштараки дуҷонибаи дар анъанаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди ду халқи бародар асосёфта, такони иловагие хоҳад гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои барои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон анъанавии боэътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъолонаи сиёсиро дар сатҳи олӣ, инчунин мулоқотҳои мунтазами дуҷонибаро ҷиҳати баррасии вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи он, идома хоҳанд дод.

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тамоми мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии аъзои ҳайати расмии Туркманистон, истиқбол ва пазироии гарму дӯстона, миннатдорӣ изҳор намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъвати мазкур бо арзи сипос қабул гардид. Муҳлати ташрифот бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Эмомалӣ 
РАҲМОН

 

Президенти
Туркманистон

Гурбангули
БЕРДИМУҲАМЕДОВ

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520