Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини аввали Вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ

05.05.2014 18:38, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Вазири авқофи Давлати Кувайт, Раиси Маркази ҷаҳонии «Васатия» Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгироии кишварҳои мусулмонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки “кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ба мақсади таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда, андешидани чораҳои мушаххас барои аз байн бурдани фарқият миёни кишварҳои сарватманд ва фақир ба манфиати кулли Уммат аст”.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою иртиҷоӣ, ки аз номи поки дини мубини ислом ба манфиати худ сӯйиистифода мекунанд, сурат гирифт.

Зикр гардид, ки Маркази ҷаҳонии «Васатия» чун созмони миёнарав дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва тарғиби оини таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳони ислом мавқеи устувору муассир дорад.

Ба гуфти Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, Давлати Кувайт омода аст, ки намояндагии Маркази ҷаҳонии «Васатия»-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мутахассисони тоҷикро барои кор дар ин самт омода созад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520