Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли нави 2002

01.01.2002 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳоло мо бо соли кӯҳан хайрбод гуфта, Соли нави 2002-юмро бо шодмонию фараҳмандӣ, ниятҳои нек ва умедҳои тоза истиқбол мегирем. Аз рӯйи анъана дар ин соат мо хешу ақрабо, ёру дӯстон, ҳамкорону ҳамсояҳои қадрдони худро муборакбод мегӯем ва барои ҳамдигар тансиҳатию хонаободӣ, файзу баракат, кушоиши кор ва тинҷию амонӣ орзу мекунем. Ин бисёр хуб аст, зеро мардуми фазилатманди мо нияти некро ними давлат медонад. Бигзор орзуҳои неки мо ҷомаи амал пӯшанд, Тоҷикистони маҳбубамон обод бошаду бар фарози он парчами истиқлолият ҷовидон парафшонй кунад.

Соли нав фақат варақгардон шудани тақвими зиндагӣ ё гузашти оддии солу моҳ нест. Бо фарорасии ҳар соли нав мо боз як зинаи умрро тай мекунем, боз як давраи муайяни ҳаёт паси сар мешавад ва дар айни замон уфуқҳои нав падидор ва марҳилаи нави фаъолият оғоз мегардад.

Дар арафаи ҳар соли нав мо корҳои дар мамлакат анҷомдодаамонро ҳамаҷониба таҳлил ва ҷамъбаст мекунем ва барои фардо нақша мекашем. Фикр мекунам, ки ёдоварии батафсили дастовардҳои соли гузашта дар ин лаҳзаҳо чандон зарур нест. Фақат ҳаминро таъкид карданӣ ҳастам, ки Тоҷикистон бо роҳи пешгирифтаи худ, яъне бунёди ҷомеаи демократӣ ва густариши муносибатҳои нави иқтисодӣ мунтазам ва устуворона пеш рафта истодааст. Баробари ин, дар назди ҷомеаи мо масъалаҳои боз ҳам мураккаб истодаанд, ки ҳалли онҳо сафарбаркунии тамоми имконияту нерӯҳои мавҷудаи кишварро тақозо менамояд.

Тоҷикистони мо, ки имсол даҳсолагии истиқлолияти онро ҳамчун иди бузурги умумимиллӣ ҷашн гирифтем, узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин, мамлакати мо аз ҳодисаву рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин равандҳои қувватгирифтаистодаи глобализатсия дар канор буда наметавонад. Баръакс, дар қатори дигар кишварҳои хурду бузурги сайёра Тоҷикистони мо низ барои тақдири минбаъдаи инсоният масъул аст.

Вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон мунтазам тағйир меёбад ва чунон ки ҳама шоҳиданд, гоҳо ниҳоят мураккаб ва печида мегардад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бояд ба ин тағйиротҳо омода бошад, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дуруст тарҳрезӣ намояд, то ин ки мавқеъ ва симои худро дар ин равандҳо нигоҳ дошта тавонад. Дар ҳар сурат масъалаҳое ҳастанд, ки барои Тоҷикистон ҳаётан муҳиманд ва мавқеи мо дар бобати онҳо тағйирнопазир аст. Мо пеш аз ҳама муборизаи беамонро бар зидди терроризми байналхалқӣ ва ҳама гуна зуҳуроти экстремизм дар назар дорем.

Ҳодисаҳое, ки соли равон рӯй доданд ва тамоми ҷаҳонро ба таҳлука оварданд, бори дигар собит намуданд, ки таъмини сулҳу суботи сайёра ва ҳалли проблемаҳои трансмиллӣ танҳо дар шароити ҳамкории тамоми кишварҳои дунё имконпазир аст. Ягон давлати дунё, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, дар танҳоӣ аз зарбаи ногаҳонии терроризми байналхалқӣ ва таъсири ҳалокатбори муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир эмин буда наметавонад. Гузашта аз ин, ягон давлат бар зидди ин зуҳуроти даҳшатнок дар танҳоӣ муқовимат ва мубориза ҳам карда наметавонад. Ба ин хотир, мо барои ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳои мутамаддин омода ҳастем ва робитаҳои мавҷударо бо онҳо минбаъд низ таҳким мебахшем. Вале дар баробари ин, мо манфиатҳои миллат ва давлати худро дар навбати аввал ҳифз мекунем ва барои таъмини манфиатҳои худ тадбирҳои заруриро меандешем.

Мо арзишҳои умумибашариро мепазирем, эҳтиром мекунем ва густариш медиҳем, вале дар айни замон асолат ва ҳувияти миллии худро нигоҳ медорем. Барои ин мо бояд ғояи худшиносии миллиро минбаъд низ густариш диҳем ва сатҳи маърифати мардумро баланд бардорем. Зеро ҳар кас, ки ба фаҳми худшиносии миллӣ расида бошад, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат мекунад, ҳар шахсе, ки соҳибмаърифат аст, ҳеҷ гоҳ ифротӣ намешавад. Ҷавонону наврасони имрӯза ва наслҳои ояндаи миллати тоҷик маҳз дар ҳамин рӯҳия бояд тарбия ёбанд, яъне ворисони арзанда ва номбардорони аҷдоди бузурги хеш бошанд. Тоҷикистон имрӯз чун Давлати миллии халқи кӯҳанбунёдамон хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст. Мо бояд ба ин эътимоди бузург сазовор бошем ва мамлакати худро ба пояҳои баланди тараққиёт расонем. Фазои мусоиди сиёсие, ки ҳоло дар кишварамон ҳамчун дастоварди қиматтарини миллат ҳукмрон аст, ба амалӣ шудани ин нақшаҳои неки созанда умед мебахшад.

Итминон дорам, ки омодагӣ ба ҷашнҳои таърихие, ки соли оянда ба вуқӯъ меоянд, ба марҳилаи навбатии болоравии худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими минбаъдаи ифтихори миллӣ ва густариши корҳои созандагӣ ба хотири ободии Ватанамон табдил хоҳад ёфт.

Мо бо дили поку нияти нек ба асри нав қадам ниҳодем ва барои расидан ба қуллаи муроди хеш, яъне бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи устувор гузоштем. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки асри бисту як барои миллати тоҷик мисли даврони ҳокимияти аҷдоди сарбаландамон — Сомониён асри тиллоӣ хоҳад шуд. Ин орзуи ҳар як фарзанди ватандӯст ва бонангу номуси миллат аст. Бигзор Соли нав барои ҳар як хонаводаи кишварамон соли нек ва бофайзу баракат, соли хушию хурсандӣ ва сулҳу амонии ҳамешагӣ дар Тоҷикистони азизамон гардад.

Соли нав ба ҳар яки шумо муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520