Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба шарафи 57-солагии Иди Ғалаба бар фашизм

08.05.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Падару модарони арҷманд!

Рӯзи Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯзи падарону бародарони калонсоли мо дар майдонҳои мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта сабт шудааст.

Ҷараёни таърих тарзе сурат гирифт, ки халқи мо аз озмоишҳои сангини ҷанги ҷаҳонӣ бар зидди фашизм дар канор буда наметавонист.

Ҳарчанд ки майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур воқеъ буд, акси садои он дар ҳар деҳкадаи тоҷик ба гӯш мерасид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири ҳифзи озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз лиҳози вусъату андоза ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Дар он беш аз 70 давлатҳои хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд.

Ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои иштирокчии ҷанг бештар аз 110 миллион афсарону сарбозон сафарбар шуда буданд. Ва талафоти умумии инсоният бар асари ин вабои аср ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок шудаанд.

Даҳҳо ҳазор шаҳрҳои хурду бузург, садҳо ҳазор деҳкадаҳо вайрону валангор ва ба хок яксон шуданд. Аз рӯйи ҳисоби коршиносон хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил кард.

Дар он набардҳои тақдирсӯзу тақдирсози инсоният садҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ иштирок карда, барои озодии Ватан ҷоннисориҳо намудаанд. Имрӯз аз ҳазорон нафар фидоиён шахсони башумор мондаанд, ки мӯҳтарам доштану қадршиносӣ намудани онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост.

Воқеан, эҳтироми калонсолон ва кӯмак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва мӯҳтоҷ таомули қадимии халқи мо мебошад. Ин анъанаи нек имрӯз низ идома дорад.

Вале мехоҳам хотирнишон созам, ки кӯмаку ғамхорӣ ба шахсони зикршуда бояд ба як амали доимӣ ва рафтори ҳамешагиву инсондӯстонаи роҳбарони муассисаву идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва сарватмандон табдил ёбад. Зеро насли калонсол барои мову шумо заҳмат кашидаанд ва имрӯз ёриву дастгирии мо дар ҳаққи собиқадорону калонсолон, махсусан ветеранҳои ҷангу меҳнат баҳри наслҳои оянда сабақи зиндагӣ мешавад.

Мо ба корнамоию фидокории насли калонсол, ки ҷон дар каф Ватанро ҳимоя кардаанд, ҳамду сано мехонем ва дар назди ёди неку хотираи ҷовидонии онҳо сари таъзим фуруд меорем.

Асри XX бо вуҷуди ҳама дастовардҳои бузург ва кашфиётҳои беназири ақли инсон натавонист ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшад. Ҷанги дуюми ҷаҳон бо фарҷоми фоҷиабораш пеши роҳи набардҳои хунини кишварҳои хурду бузургро гирифта натавонист. Дар тӯли ним асри гузашта қариб соле набуд, ки дар ягон нуқтаи сайёра оташи ҷангҳои шаҳрвандию истиқлолхоҳӣ ва забткориҳои хурду калон аланга назада бошад.

Ба ду лагери бузурги ба ҳам мухолиф тақсим шудани ҷаҳон мусобиқаи рӯзафзуни офаридани силоҳҳои қатли омро ба бор овард. Яроқҳои гуногуни ҷангӣ, бомбаҳои ядроӣ ва мушакҳои дурпарвозу миёнапарвоз ба василаи зӯроварӣ ва яккатозии давлатҳои абарқудрат табдил ёфтанд. Яъне ҳар кишваре, ки аслиҳаи пешрафтаву беназир дорад, мехоҳад низоми кайҳо шаклгирифтаи ҷаҳон ва харитаи иқтисодию сиёсии сайёраро ба нафъи хеш тағйир диҳад. Ин падида хусусан баъди аз миён рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани чандин давлатҳои соҳибистиқлол дар даҳсолаи охири асри XX ва оғози ҳазорсолаи сеюм торафт вусъат меёбад.

Як қатор кишварҳои Осиё, ки бо номи давлатҳои бетараф ё ҷаҳони сеюм маъмул буданд, аз яккатозиҳои давлатҳои худкома ба ҳарос афтода, ба офаридани силоҳҳои атомӣ ва мушакҳои пурдаҳшати ҷангӣ пардохтанд. Дар натиҷа, имрӯз дар Осиё давлатҳое пайдо шудаанд, ки дорои ҳам яроқи ядроӣ ва ҳам мушакҳои навтарини ҷангӣ мебошанд. Ва ҳоло кӯшишҳои пайгиронаи офаридани аслиҳаи навтарини қатли ом чи дар Шарқу чи дар Ғарб ба як мусобиқаи рӯзафзун табдил ёфта, чандин давлатҳои хурду бузурги дигар кӯшиши дастёбӣ ба силоҳи ядроиро доранд.

Баъди интиҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар яке аз ҷаласаҳои байналмилалӣ рӯзноманигорон аз Алберт Эйнштейн суол мекунанд, ки ба ақидаи ӯ ҷанги сеюми ҷаҳонӣ чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.

Олими забардаст чунин посух медиҳад: «Вусъату андозаи ҷанги сеюми ҷаҳониро дар тасаввур гунҷондан кори басо мушкил аст. Вале метавон гуфт, ки агар баъди он сайёраи мо ва умуман насли одамӣ боқӣ монад, ҷанги чоруми ҷаҳон ҳатман бо калтак оғоз хоҳад ёфт».

Дар зери ин пешгӯйӣ ҳақиқати талхе нуҳуфтааст. Воқеан, ҳангоме ки ба роҳи паймудаи инсонияти соҳибтамаддун назар меафканем, мебинем, ки дар таърихи башар қариб соле набудааст, ки бе ҷангу хунрезӣ анҷом ёфта бошад.

Аз рӯйи ҳисоби Институти таҳқиқоти стратегии Лондон инсоният дар давоми панҷ ҳазор соли охир, яъне аз оғози падидоии тамаддун то имрӯз, ки равандҳои глобализатсия торафт густариш меёбанд ва ҳамзамон бо ин тақсимбандии геополитикию геостратегии ҷаҳон вусъат мегирад, 14520 ҷангҳои хурду бузургро паси сар намудааст. Ин ҷангҳо бо силоҳҳои оддии сангин оғоз ёфта, дар тӯли садсолаи охир то истифодаи бомбаҳои атомӣ ва мушакҳои байниқитъавӣ рафта расиданд.

Ҳамаи ин, аҳли башарро бояд водор созад, ки садои худро ба муқобили ҳама гуна ҷангу ҷангҷӯен баланд намояд.

Роҳи ягонаи раҳоӣ аз вартаи даҳшатноки ҷанг, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, забонӣ ва мазҳабию идеологӣ, зери парчами сулҳ муттаҳид шудани халқҳои сайёра аст.

Мо - тоҷикон аз таҷрибаи талхи таърихии оғози солҳои навадуми асри гузашта ба хулосае омадем, ки сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа алтернатива надорад. Ҷанги граждание, ки дар кишвари мо рӯӣ дод, бо ҳама мусибату бадбахтиҳояш барои мо як мактаби бузурги ҳаёт гардид.

Ва қиматтарин сабақе, ки аз ин мактаб бардоштем, зарурати таъмини сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати пеш гирифтани роҳи осоиштаи ҳалли мухолифати мусаллаҳона ва танҳо бо роҳи музокирот кушодани гиреҳи мушкилоти мавҷуда фарҳанги сулҳи тоҷикон тавлид ёфт. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик ба шарофати сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои арзандаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гашта, дар ҷодаи бунёдкорӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии халқи шарафманду соҳибтамаддуни хеш сиёсати мустақилонаи давлатдориро пеш бурда, баробари омӯхтани беҳтарин арзишҳои умумиинсонӣ, ба сохтмони давлати демократии дунявию ҳуқуқбунёд бо симои хоса ва ҳифзи арзишҳои миллӣ идома мебахшад.

Мо - созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем. Зеро онҳо баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.

Падарони номдори мо аз мушкилию норасоиҳо наҳаросида, шаҳру шаҳракҳои нав бунёд намуданд, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ сохтанд, шабакаи роҳҳои замонавии мошингард ва роҳи оҳану фурудгоҳҳоро асос гузоштанд, корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд карданд ва чӯлистонҳои беҳосилу ташналабро ба гулистон табдил доданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Роҳи паймудаи падарон ва насли калонсолро имрӯз ҷавонон идома медиҳанд. Ҳарчанд дар мизони таърих ин роҳҳо идомаи мантиқии якдигаранд, вале ҳар давру замон боз ҷиҳатҳо ва мушаххасоти хоси пешрафти худро дорад.

Пешрафти босуръати илму техникаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ба тарбияи ҷавонон, рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем. Бо дониши замонавӣ мусаллаҳ кардани насли ҷавон тақозои замон ва талаби аср аст.

Вобаста ба ин, мехоҳам як далелро таъкид намоям, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам, ба монанди Амрико, Олмон ва Япония барои хонондану соҳибмаърифат намудани як фарзанд аз 20 то 30 фоизи буҷети оила сарф мегардад. Вале дар оилаҳои мо ҳанӯз ҳам тафаккури кӯҳнаи танҳо ба ӯҳдаи мактабу муаллим ҳавола намудани таълиму тарбияи фарзанд ҷоӣ дорад. Баъзан падару модарон ба ҷойи таълиму тарбияи солим, омӯзонидани меҳнати ҳалол ва тарзи дурусти зиндагӣ, ба рафтори ношоистаи фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин боиси таассуф аст.

Фаромӯш набояд кард, ки агар фарзанд ноқобилу саркаш ба воя расад, ба ин пеш аз ҳама падару модар ва муҳити тарбиявии бавуҷудовардаи онҳо гунаҳкор аст. Баъд бетарафии аҳли ҷомеа ва таъсири ғояҳои носолиме, ки аз тариқи воситаҳои иттилоот пахш мегарданд, филмҳо ва дигар маводе, ки зӯроварӣ, инсонбадбинӣ, куштору ваҳшониятро тарғиб менамоянд, тарбияи солими насли навро мушкил мегардонанд. Дар кишварҳои гуногун баъзе доираҳо асарҳои санъат, адабиёти бадеӣ ва филмҳои ҳунарию телевизиониро кайҳо боз ба воситаи тиҷорат табдил додаанд.

Ҳадаф аз офаридани филмҳои талқинкунандаи куштору хунрезиҳо ва ахлоқу рӯҳияи носолим на танҳо ба даст овардани даромад, балки зарба задан ба бунёди маънавию ахлоқии наслҳо мебошад. Дар чунин шароит, аз таъсири фалокатбори чунин асарҳои ба ном санъат ва ҳунар нигоҳ доштани фарзандон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ахлоқи ҳамида, хулоса ба роҳи дуруст ҳидоят кардани насли наврас вазифаи падару модар ва оила мебошад. Гузашта аз ин, дар заминаи хиради азалӣ ва мероси бузурги маънавии ниёгонамон ба камол расонидани наслҳои ҷавони миллат низ пеш аз ҳама қарзи волидайн аст.

Дӯстони азиз!

Ҳар насл дар назди таърих ва тақдири миллат қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва масъулияти маънавию ахлоқӣ дорад.

Ба ин маънӣ, насли калонсоли мамлакати мо, алахусус собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтарин солҳои умри худро ба ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанги мамлакат бахшида, симои Тоҷикистонро дар давоми якчанд даҳсола комилан дигар сохтанд. Дар навбати худ бар дӯши наслҳои имрӯзу оянда қарзи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ афтодааст.

Дар ҷараёни глобализатсия ва бархӯрдҳои шадиди геополитикии ҷаҳони имрӯза оини давлату давлатдории миллии хешро нигоҳ дошта тавонистан, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро зина ба зина устувор намудан масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст.

Оғози асри нав муқовимати шадиди тамаддунҳо, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, тақсимоти нави бозорҳои ҷаҳонӣ, манбаъҳои ашёи хому сарватҳои табиӣ ва афзудани фарқият миёни кишварҳои бою камбағалро боз ҳам тезу тунд намуд. Ин муқовимату мухолифатҳои шадид бо ҷараёни диалектикии ҳаёт созгор нестанд. Раванди инкишофи зиндагӣ ҷомеаи башариро маҷбур месозад, ки дер ё зуд ба низоъҳои мусаллаҳона ва мухолифатҳои низомӣ хотима бахшида, ҳамаи имкониятҳоро барои кашфиётҳои тоза ва таҳкими сулҳу суботи сайёра сафарбар намояд.

Имрӯз ҳатто кишварҳои абарқудрату яккатоз ҳам ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки дар ҷанги нави ҷаҳонӣ на ғолиб мемонаду на мағлуб.

Тахрибкориҳои террористону экстремистон бори дигар нишон доданд, ки ҳама гуна давлати абарқудрат дар муқобили силоҳу ниятҳои бадқасдона оҷизӣ мекашад. Ҳаёт инсониятро водор намуд, ки бар зидди нерӯҳои аҳриманӣ муттаҳид шавад ва бо кӯшишҳои дастҷамъона пеши роҳи зӯроварӣ, таҳдид ва харобкориҳоро гирад.

Вақтҳои охир дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла мамлакатҳои Ғарб боз як падидаи нангин доман паҳн карда истодааст, ки боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Сухан дар бораи авҷи нави ҳаракатҳои миллатгароӣ ва собит сохтани бартарияти як миллат бар миллати дигар меравад. Дар ин робита беихтиёр таърихи пайдоиши фашизм бори дигар ба хотир меояд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ҳеҷ ваҷҳ нагузорад, ки идеологияи фашизм дар либосҳои гуногун дар ягон давлати дунё ба пирӯзӣ ноил гардад.

Мо итминони комил дорем, ки фарҳанги сулҳ дар асри ҷадид мақому нуфузи оламгир пайдо намуда, бо пуштибонии кулли инсоният ва нерӯҳои адолатпарвар мавқеи ҷангҷӯёну зӯроваронро танг хоҳад кард. Ва фарҳанги сулҳ ҳамчун модели беҳтарини наҷоти инсоният дар тамоми сайёра густариш хоҳад ёфт.

Дар ҷаҳони пурҳангомаи имрӯза танҳо бо такя ба заковати интеллектуалӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории замонавӣ, пешбурди иқтисодиёт дар заминаи технологияи навтарин, густариши сатҳи маърифату фарҳанг ва ифтихори миллию худшиносии насли ҷавон пойдор мондан мумкин аст.

Итминони комил дорам, ки наслҳои имрӯзаву ояндаи миллати тоҷик аз ӯҳдаи ҳалли ин вазифаҳои бошараф сарбаландона мебароянд ва Тоҷикистон мавқеи сазовори худро дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ишғол менамояд.

Бо ҳамин ниятҳои нек шумо - пирони корозмуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми соҳибфарҳанги тоҷикро ба ифтихори Ғалабаи бузурги инсоният бар фашизм табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва сулҳу осоиши ҳамешагӣ орзу менамоям.

Бигузор, наслҳои имрӯзу оянда дигар ҳаргиз рӯйи наҳси ҷангро набинанд.

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520