Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Конфронси байналхалқӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон

17.06.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Иштирокчиёни мӯҳтарами конфронс!
Меҳмонони азиз!
Хонумхо ва ҷанобон!

Фараҳмандам, ки шуморо ба сарзамини қадимаи тоҷикон хайрамақдам мегӯям, ба онҳое изҳори сипос менамоям, ки дар ташкили ин ҷамъомади муҳим саҳм гузоштаанд. Умед аст конфронси шумо, ки ба панҷсолагии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, на танҳо натиҷаҳои ҷараёни истиқрори сулҳро дар мамлакати мо баррасӣ менамояд, балки фикру андеша ва мулоҳизаҳои дигари барои Афғонистон ва мамлакатҳои дигари мубталои муноқиша гардидаи ҷаҳон судмандро баён хоҳад кард.

Тавре қайд кардам, халқи мамлакати мо имрӯзҳо ба таҷлили яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи Тоҷикистони соҳибихтиёр - панҷсолагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат тайёрӣ мебинад. Ба ҳамагон маълум аст, ки созишномаи мазкур 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд. Ин ҳуҷҷат ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Ман воқеаҳои тӯли солҳои гузашта рухдодаро пеши назар оварда, чунин хулоса мебарорам, ки роҳи сулҳу осоиш ҳар қадар душвор набошад, дар баробари ин ҷидду ҷаҳди самимона ба сулҳ ва омодагии тарафҳои муқобил ба сарфи назар кардан аз манфиатҳои сиёсӣ ва шахсии худ ба нафъи оромию осудагӣ ва ваҳдати Ватан дар муборизаи мо, муборизаи онҳое, ки тақдири сулҳ ба дасти онҳо супурда шуда буд, қувваи асосии пешбаранда буд. Ин сифатҳо, ки хоси таҷрибаҳои бойи таърихӣ ва хиради волои халқи тоҷик мебошад, хусусан дар ҳамон айёми душвор ва фоҷиабор равшан зоҳир гардиданд. Таҳлили сабабу шароитҳое, ки халқу мамлакати моро ба вартаи муноқишаи дохилӣ гирифтор сохтанд, вазифаи таърихшиносон, сиёсатшиносон ва мутахассисони соҳаҳои дигар мебошад.

Ман ҳамчун марди сиёсат, ки бо ҳукми тақдир, талаби замон ва бо иродаи халқ дар айни ҷӯшу хурӯши муқовимат, вақте ки тарафҳои муқобил ҳар рӯз аз ҳамдигар торафт бештар дур мешуданд, роҳбарии давлати мустақили Тоҷикистонро ба зимма гирифта, ба ғайр аз барқарор сохтани сулҳу созгорӣ дар ватани хеш вазифаи дигари олиро намедидам ва тайёр будам, ки барои ин тамоми корҳои заруриро кунам. Ман ҳанӯз зимни муроҷиати нахустинам ба халқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, вақте ки тақдири миллат ва давлати тоҷикон ҳал мешуд, вазифаи асосӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро муқаррар карда будам.

Тарафҳои муқобил маҳз ҳамон вақт даъвати моро дар бораи дарки зарурати волоияти манфиатҳои миллӣ ва бартарии онҳо аз манфиатҳои ҳизбу ҷунбишҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи одамон ба хубӣ дарк намуда, бори аввал сари мизи музокирот нишастанд. Бинобар ин сароғози ҷараёни истиқрори сулҳро, ки баъдан соли 1993 давом дода шуд, воқеаи таърихии ҳаёти мардуми мо, яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд шуморидан зарур аст.

Мо имрӯз бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки ҳамаи нақшаҳои андешидаи мо бо вуҷуди ниҳоят душвор будани онҳо дар амал татбиқ гардиданд.

Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кӯмаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем.

Ман аз тақдир ва ҳамаи онҳое, ки ба мо барои ба даст овардани ин мақсади ҳақиқатан бузург дасти ёрӣ дароз карданд, сипосгузорам. Имрӯз онҳоеро ёдовар нашуда наметавонам, ки ҳаёти худро барои истиқрори сулҳу осоиш дар мамлакатамон қурбон карданд. Дар байни муборизони фидокори сулҳ на танҳо тоҷикон, балки намояндагони мамлакатҳои дигар низ буданд. Онҳо ғаму андӯҳ ва фоҷиаи халқи тоҷикро ҳамчун ғаму андӯҳ ва фоҷиаи худ қабул карданд.

Рӯҳи онҳо ҳамеша шод бод!

Ин ҷо дар бораи ҷанбаҳои алоҳидаи ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон сухан ронда, қайд карданиам, ки муваффақияти он аз бисёр ҷиҳат ба мавҷудияти силсилаи омилҳо вобаста мебошад. Ҷараёни муттаҳид гардидани халқҳо дар назди хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногун, баррасии воқеии хавфи муноқишаҳои минтақавӣ аз ҳамин ҷумлаанд, ки ба вазъият ва амнияти на танҳо минтақаҳои алоҳида, балки саросари ҷаҳон таъсир расонда метавонанд.

Ин омилҳо вобаста ба ҷидду ҷаҳди самимонаи бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ барои мусоидат ба рафъи муноқиша бо роҳҳои мусолиматомез ҷараёни истиқрори сулҳро дар Тоҷикистон хеле осонтар гардонданд. Мо ҳамон солҳо ҳис мекардем, ки халқамон бо фалокати ба сараш омада танҳо гузошта нашуд. Баръакс, мамлакатҳое, ки аз Тоҷикистон фарсахҳо дур буданд, барои тадриҷан ва қадам ба қадам ба ҳамдигар наздик шудани тарафҳои муқобили тоҷикон кӯшиш ба харҷ доданд.

Ташкили қувваҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати ҷузъу томҳои низомии Русия, Қазоқистон, Қиргизистон ва Ӯзбекистон, миёнаравиҳои фаъолонаю самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, кӯмакҳои башардӯстонаи бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ барои бартараф сохтани муноқишаи тоҷикон нақши муҳим бозиданд.

Истифодаи чунин воситаҳои мусоидат ва дастгирии ҷараёни гуфтушунид, ҳамчун гурӯҳи мамлакатҳои нозир ва баъдан гурӯҳи тамоси мамлакатҳои кафил ба ҷараёни гуфтушунидҳои муттасили тарафҳои ба ҳам муқобил мусоидат карда, онҳоро ба ҳамаҷониба амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада водор менамуданд.

Вазъияти дигари муҳиме, ки ба ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таъсир расонд, ҳамин буд, ки Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон имкон доданд, ки дар қаламрави онҳо давраҳои навбатии гуфтушуниди тарафҳои ба ҳам муқобили тоҷик гузаронида шаванд, зеро бо сабабҳои гуногун дар худи Тоҷикистон гузаронидани чунин гуфтушунидҳо имкон надошт.

Намояндагони махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони гурӯҳҳои нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар мамлакати мо, аз ҷумла шодравон Исмат Киттонӣ ва Рамиро Перес Балон, инчунин Герд Дитрих Меррем, Ян Кубиш, Иво Петров, Ливиу Бота, Дарко Шилович ва даҳҳо дӯстони дигари Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, дар ин кори хайр ва башардӯстона саҳми арзанда гузоштанд.

Ман аз фурсати мусоид, инчунин ҳузури намояндагони бисёр мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ истифода бурда, аз номи халқи Тоҷикистон ба давлатҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо саҳм гузоштанд, миннатдории самимӣ баён мекунам.

Дӯстони азиз!

Ба ақидаи ман, ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон на танҳо барои мо дарси ибрат мебошад. Дар бисёр ҷамъомадҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳое, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардиданд, бисёр олимони мӯътабар на як бору ду бор таъкид карданд, ки таҷрибаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо барои истифода дар минтақаҳои дигари сайёра, чи барои иштирокчиёни муноқиша ва чи барои кӯшишҳо ва тадбирҳои миёнаравию эҷоди сулҳ ҳамчун қоидаи умумӣ хизмат карда метавонад.

Имрӯз, баъди гузаштани панҷ сол аз ҷараёни гуфтушунид ва марҳалаи минбаъдаи барқарор сохтани хоҷагии халқи мамлакат дар давраи баъди муноқиша таҷрибаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳам аз нуқтаи назари қобилияти тарафҳо дар бобати ёфтани роҳҳои умумии ҳалли проблемаҳои мураккабтарин ва қатъияти онҳо дар бобати амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада ва ҳам дар бобати муваффақият пайдо кардани амалиёти эҷоди сулҳи Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи беҳамто шуморида мешавад.

Бо назардошти умумияти омилҳои на танҳо забонӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, балки қаробат ва шабоҳати бисёр ҷанбаҳои вазъияти имрӯзаи Афғонистон, чӣ тавре ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон буд, имконияти истифодаи ин таҷриба аз тарафи ҳамсояи ҷанубии мо чандин баробар бештар мегардад.

Ман ин ҷо пеш аз ҳама қайд карданиам, ки омили муҳимтарини ҷараёни истиқрори сулҳ хоҳиш ва азми қатъии тарафҳои ба ҳам муқобили тоҷик буд. Ба ақидаи ман, бе мавҷудияти омили мазкур бартараф сохтани ягон муноқиша имконпазир нест.

Ба ақидаи мо, Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни муноқишаи тоҷикон таҷрибаи нав андӯхт, ки аз амалиёти классикии эҷоди сулҳи он ба куллӣ фарқ мекунад. Ин пеш аз ҳама ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар бобати ҳамаҷониба ҳамоҳанг сохтани ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои алоҳида, истифодаи имкониятҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ дар ҷанбаҳои алоҳидаи амалиёт алоқаманданд.

Масалан, қувваҳои дастаҷамъии посдори сулҳи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун яке аз омилҳои таъминкунандаи вазъияти мӯътадил ваколати махсуси Созмони Милали Муттаҳид надошта бошанд ҳам, бо вуҷуди ин ҳамкории намунавии онҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, яъне низоми мукаммали таъмини амният ва шарики минтақавии он ҳамеша аз тарафи Шӯрои амнияти СММ таъкид ва ба таври самарабахш дастгирӣ карда мешуд.

Ҳамчунин таҷрибаи ҳамкории раёсати Комиссариати олии СММ дар масъалаи гурезаҳо ва намояндагони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ҳамто надошт ва дар ягон минтақаи ҷаҳон мавриди истифода қарор нагирифта буд. Яъне баъди анҷоми марҳалаи асосии маъракаи бозгардондани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон ва мамлакатҳои ИДМ ваколати раёсати мазкур дар масъалаи омӯзиш ва эҳтироми ҳуқуқи гурезаҳои ба ватан баргашта ба Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дода шуд. Ин як навъ «тақсими вазифа» буда, аз бисёр ҷиҳат ба самаранокии фаъолияти ҳар ду созмон дар Тоҷикистон мусоидат намуд. Аз ҳама муҳимаш ҳамкории ду созмони байналхалқӣ дар Тоҷикистон бе душворӣ ва мушкилот ба ҳаёти осоишта баргаштани гурезаҳоро таъмин намуд.

Дар ҷараёни истиқрори сулҳ дар мамлакати мо ҷидду ҷаҳди созмонҳои гуногун танҳо бо мақсади истиқрори сулҳу осоиш муттаҳид ва ҳамоҳанг гардонда шуданд. Ҳаминро ҳам таъкид кардан лозим аст, ки истиқрори сулҳ ба фаъолонатар ва самарабахштар гузаронидани ислоҳот мусоидат кард.

Мо дар доираи амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада дар муддати кӯтоҳ тавонистем, ки парлумони касбии доимоамалкунанда бунёд намоем, ҳол он ки дар шароити дигар барои ин солҳои тӯлонии баҳсу мунозира дар масъалаи мувофиқи мақсад будани он сарф мешуданд.

Тавре ки маълум аст, дар интихоботи парлумон миқдори зиёди ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳое, ки фаъолияташон дар давраи муқовимат манъ шуда буд, иштирок намуданд. Баъзеи онҳо тамоми монеаҳои муборизаи сиёсиро бомуваффақият бартараф сохта, имрӯз дар фаъолияти парлумон ширкат меварзанд.

Мо барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ шароити воқеӣ муҳайё сохта, онҳоро ҳамчун ҷузъиёти зарурии ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ менамоем.

Халқи мо имрӯзҳо ба оянда бо назари нек ва боварӣ менигарад, зеро таҷрибаҳои аз муковимати шахрвандӣ бадастомада на танҳо ба такрор шудани воқеаҳои гузашта имкон намедиҳанд, балки барои меҳнати осоишта ва бунёдкорона кафолат хоҳанд дод. Ташаккули тамоилоти имрӯзаи сиёсати байналхалқӣ Тоҷикистонро дар маркази геополитикии рӯйдодҳои ҷаҳон қарор медиҳад.

Ин ба зиммаи мо масъулияти калон мегузорад. Дар доираи мавзӯи конфронси имрӯза танҳо дар бораи ду ҷанбаи ин ҷамъомади муҳими байналхалқӣ таваққуф карданиам.

Пеш аз ҳама, мо барои халқи бародари Афғонистон намунаи ибрат мебошем. Бисёр сиёсатмадорони афғон ва ҳатто шаҳрвандони қатории ин мамлакат «Таҷрибаи истиқрори сулҳ ва бунёди ҳаёти осоиштаро дар Тоҷикистон» ҳамчун мисоли мусбат арзёбӣ намуда, умедворанд, ки мисли мо дар мамлакаташон сулҳ ва ҳаёти осоиштаро барқарор хоҳанд кард.

Сониян, Тоҷикистон дар ҷараёни авҷ гирифтани саҳми он дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ба мамлакате табдил ёфт, ки мавқеи онро бисёр роҳбарони мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ ба инобат мегиранд.

Мо дар чунин шароити нави таърихӣ ҳаминро ҳам ба назари эътибор мегирем, ки мароқи ҷаҳониён ба мамлакати мо ва ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ кам нахоҳад шуд, зеро сабабҳо ва имкониятҳои сар задани муноқиша ҳанӯз пурра бартараф нашудаанд.

Дар шароити мавҷудияти проблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки камбизоатӣ яке аз проблемаҳои асосӣ ба шумор меравад, ба ҷомеаи мо хавфи паҳн гардидани ғояҳои гуногуни террористӣ, моҷароҷӯӣ ва ҷудоихоҳӣ таҳдид менамояд.

Ба ақидаи ман, сулҳ ва ҳаёти осоишта дар минтақаи мо ба нақшаҳои қувваҳои харобкор муқобил гузошта шудааст, ки вазъияти минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказиро давра ба давра муташанниҷ месозанд. Дар чунин шароит ҷидду ҷаҳди созмонҳои байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳон бояд ба самтҳои мушаххас равона карда шавад. Ин самтҳои мушаххас аввалан дастгирии тадбирҳое мебошанд, ки ҳадафи онҳо муттаҳид сохтани ҷомеаи мамлакатҳои мо бо истифодаи васеи воситаю имкониятҳои дипломатияи пешгирикунанда аст.

Баъдан барои ҳалли проблемаҳои рӯзмарра, ки мамлакатҳои мо дар марҳалаи имрӯзаи тараққиёташон бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, кӯмаки доманадори байналхалқӣ зарур аст. Дар акси ҳол минтақаи мо ба минтақаи вазъияти доимии муташанниҷ табдил ёфта метавонад.

Рӯйдодҳои Афғонистони ҳамсоя дар ин бобат мисоли равшан мебошанд. Дар ин замина, дар саҳнаи сиёсии Афғонистон пайдо шудани ҷунбиши иртиҷоии «Толибон», ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва манбаи қочоқи нашъа табдил ёфтани ин мамлакат ба ҳеҷ ваҷҳ тасодуфӣ набуд.

Сабаби асосии ин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама хароб гардидани иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоии Афғонистон мебошад. Зеро, вақте ки одамон ғайр аз шомил гардидан ба дастаҳои мусаллаҳи террористӣ ё мафияи нашъа роҳи дигари зиндагиро намеёбанд ва барои онҳое, ки аз ҳар дуи ин сарфи назар менамоянд, ғайр аз тарк намудани мамлакат роҳи дигар боқӣ намемонад, ҳамин вазъият амри ногузир хоҳад гашт.

Ба ақидаи мо, иштирокчиёни муноқишаи Афғонистонро ба риояи созишномаҳои дар Бонн қабулшуда ва ташкили ҳукумати фарогир, ки манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳо ва қавмҳои ҷомеаи мамлакатро ҳимоя карда тавонад, ташвиқ ва ҳавасманд кардан лозим аст. Ҳамаи ин ба ақидаи мо воситаҳое мебошанд, ки тавассути онҳо сулҳро дар Афғонистон барқарор намуда, онро обод сохтан имконпазир мегардад. Инро натиҷаҳои маҷлиси ба қарибӣ анҷомёфтаи Луи Ҷирга низ нишон доданд.

Ба ақидаи мо, истиқрори сулҳ дар ин мамлакат танҳо дар мавриди расондани кӯмакҳои самарабахш ва муассир бо мақсади тараққиёти иқтисодиёти Афғонистон муваффақият пайдо карда метавонад. Дар ин бобат майдони фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои дигари байналхалқӣ ва мамлакатҳои алоҳида хеле васеъ буда, аҳамияти он аз тадбирҳои сиёсӣ камтар нахоҳад буд.

Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки дар қисмати ҷанубии қитъаи мо муносибатҳои ду мамлакати бузурги дорои аслиҳаи ядроӣ торафт муташанниҷтар мегардад ва хавфи сар задани ҷанг дар байни онҳо торафт бештар мешавад. Мо набояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷанги Ҳиндустон ва Покистон роҳ диҳем.

Ҷомеаи ҷаҳон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, бояд ин мамлакатҳоро ба андешидани тадбирҳои қатъии кам кардани хавфи сар задани ҷанг, оғози гуфтушунид ва истисно кардани такрори муноқишаҳои пештара водор созад. Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир ба шарофати кӯшишҳои фаъолонаи бисёр мамлакатҳо муносибатҳои ҳар ду давлат хеле беҳтар гардиданд ва мо бояд ин тамоилро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.

Ҳамин тариқ, зимни таҳлили вазъияти ҳар мамлакат ё минтақае, ки дар он хавфи сар задани муноқиша вуҷуд дорад, ошкор намудани сабабҳо ва шароити он, вокуниши фаврӣ ва ҳамкорӣ бо ҳукуматдорон бо мақсади бартараф сохтани ин сабабҳо ва шартҳо зарур аст. Яъне мо бояд асосан ба тадбирҳои пешгирикунандаи муноқиша такя намоем.

Дар робита махсус қайд карданиам, ки яке аз манбаъҳои асосии терроризми байналхалқӣ, моҷароҷӯйӣ ва ҷинояти муташаккилона, ки имрӯз ба сулҳу осоиши тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд, шароити бади зиндагӣ, қашшоқӣ ва гадоӣ дар баъзе мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мебошад. То рӯзе, ки давлатҳои мутараққӣ тамоми хавфи чунин фарқиятро пурра дарк намуда, ба ислоҳи он кӯшиш ба харҷ надиҳанд, дар бораи таъмини сулҳу суботи саросари ҷаҳон сухан рондан душвор аст. Аз рӯйи адолат иқрор шудан лозим аст, ки чунин кӯшишҳо дар сатҳи байналхалқӣ, аз ҷумла дар бобати расондани кӯмак ба Тоҷикистон бисёр мушоҳида мешаванд. Вале одатан ҳамаи ин ваъдаҳои хушку холӣ буда, бисёр вақт дар рӯйи когаз боқӣ мемонанду халос.

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷӯҳ зоҳир карданиам, ин вазъи демографие мебошад, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон ба проблемаи душвор табдил ёфтааст. Агар ин проблема сари вақт ҳал нашавад, инсоният ояндаи наздик бо таҳдидҳои нави вобаста ба бекорӣ, гуруснагӣ ва бемориҳо мубтало хоҳад гашт.

Дар шароите, ки оғози муноқиша ногузир аст, ҷомеаи ҷаҳон бояд барои маҳдуд сохтани минтақаи муноқиша ва кам кардани оқибатҳои он тадбирҳо андешида, дар баробари ин барои ба ҷустуҷӯи роҳу усулҳои қобили қабули ҳалли проблемаҳо равона сохтани тарафҳои муқобил кӯшиш ба харҷ диҳад.

Дар хотимаи суханрониам қайд карданиам, ки таҷрибаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари муқаррар намудани роҳу усулҳои нав, муносибатҳои сифатан нави сохторҳои ба ҳамдигар марбут диққатҷалбкунанда мебошад, ки дар ҷараёни истиқрори сулҳ истифода карда, вазифаю имкониятҳои нав ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. Боварӣ дорам шумо дар ҷараёни конфронс масъалаҳои дигарро ошкор хоҳед кард, ки истифодаи онҳо дар чунин вазъият самараи дилхоҳ дода метавонад.

Ман ин ҷо дар толор бисёр симоҳои шиносро мебинам, онҳо олимоне мебошанд, ки бо асарҳои дар бораи кишвари мо, аз ҷумла дар бораи марҳалаи охирин ва душвори таърихи он навиштаи худ маълуму машҳур гаштаанд. Дар ин ҷо инчунин онҳое ҳузур доранд, ки бо заҳмат, қувваю ғайрат ва нерӯи ақлонии худ моро ба ин рӯз расонданд.

27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузарондаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад. Конфронси имрӯза ақидаи моро дар бобати ҳамеша бо ҳамин роҳи озмудашуда пеш рафтан қавитар месозад.

Ман ба ҳамаи иштирокчиёни конфронс хушбахтӣ ва дар кори заҳматталабу хайрхоҳонаашон муваффақият орзу менамоям, ки, бешубҳа, барои ба даст овардани ҳадафи муҳимтарини имрӯзаи башарият, яъне таъмини сулҳу суботи саросари ҷаҳон мусоидат менамояд.

Қабл аз анҷоми суханронии худ ба муассисаи Созмони Милали Муттаҳид, ки номи рамзии он Донишгоҳи сулҳи СММ мебошад ва аз ҷумлаи ташаббускорону ташкилкунандагони асосии конфронс ба шумор меравад, изҳори сипоси самимона менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520