Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳ

07.05.2014 17:53, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: “Сафари давлатии Шумо ба Ҳиндустон, ки моҳи сентябри соли 2012 ҷараён гирифта буд, боиси ба сатҳи хеле боло бардошта шудани муносиботи ду кишвар гардид”.

Доир ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба гуфти Суҷатҳа Сингҳ, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.

Ҳамчунин доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520