Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон

08.05.2014 18:08, Русия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон вориди шаҳри Маскави Федератсияи Русия шуд.

Сарони давлатҳо дар Маркази миллии идораи мудофиаи Русия ҷараёни машқҳои низомии қӯшунҳои ҳарбии гуногуни давлати Русияро аз минтақаҳои мухталифи ин кишвар тавассути мониторҳо тамошо намуданд.

Дар мулоқот доир ба масоили умдаи вобаста ба авзои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯй сурат гирифт. Аз вазъи номатлуби кунунӣ дар Украина ва ҳамчунин Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

“Мо ҷонибдори онем, ки бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад”, - изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳамгироӣ доир ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки нақшаҳои қаблан мувофиқашуда доир ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бояд дар амал татбиқ шаванд.

Табодули назар, ҳамчунин доир ба бисёр масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520