Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди саиди фитр

05.12.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани Иди саиди фитр самимона табрику таҳният мегӯям.

Моҳи шарифи Рамазонро мардуми мусулмони кишвар бо осудагӣ, дар муҳити озоду фараҳбахш ва сулҳи комил ба поён расонид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки ниёзмандиҳои мардумро то ҳадди имкон қаноатманд сохта, шароитро барои рӯзадорон мусоид гардонад.

Дар масҷиду мадрасаҳо мардум имконоти комил доштанд, ки намозҳои худро иҷро кунанд, таровеҳ хонанд ва хатми Қуръон намоянд. Бар асоси таълимоти дини мубини ислом маҳз дар ҳамин моҳ каломи Худованд дар Қуръони Маҷид ба Ҳазрати Муҳаммад - Паёмбари ислом фиристода шуд. Ва аз он замон то имрӯз ин таълимоти рӯҳбахшу абадзинда мусулмононро барои пешбурди зиндагиашон, барои дурусткорӣ ва садоқат раҳнамоӣ мекунад.

Моҳи Рамазон ҳамеша як фурсати хеле хуб аст то оид ба чунин арзишҳои ҷовидонаи башарӣ ба мисли некӣ, дӯстӣ, шафқат ва муҳаббат эҳтироми фарогир биандешем.

Арзишҳое, ки мардумонро якҷо ва муттаҳид месозанд, онҳоро ба ҳимматбаландй, саховатпешагӣ ва ҷавонмардӣ ҳидоят менамоянд.

Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба мӯҳтоҷону мустамандон ва кӯмаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.

Эътимодам комил аст, ки имсол ҳам барои дастгирии мардуми камбизоат, ятимон, маъюбон ва мӯҳтоҷон корҳои хайри баарзише сурат хоҳанд гирифт.

Дар рӯзи Иди фитр мардуми тоҷик чун анъана дастархони идона ороста, меҳмононро хуш пазироӣ менамоянд.

Аз рӯйи расми дерин хешу ақрабо, ҳамсояҳо ва ёру дӯстон ба хонаи шахсони азодор мераванд ва онҳоро дилбардорӣ менамоянд. Умед аст, ки ин оини писандида дар иди имсола боз ҳам бештару хубтар иҷро мегардад.

Дилу нияти пок, амали хайр, рафоқату дӯстӣ, ки дини мубини ислом дар ҷомеа вусъат медиҳад, ба зиндагӣ ҷилои тоза мебахшанд, файзу баракат ато мекунанд, ба заҳмати пурсамар ба хотири ободонӣ даъват менамоянд. Мо бояд ин муҳити солим ва рӯҳияи созандагиро дар кишвар таҳким бахшем.

Иқтисоди Тоҷикистон батадриҷ рӯ ба тараққӣ меорад. Эътибори баланди байналмилалие, ки имрӯз давлатамон ба худ касб кардааст, барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид эҷод намудааст.

Бо истифода аз чунин шароит ва имкониятҳои мавчуда бояд вазъи иқтисодии мамлакатамонро беҳбуд бахшем ва барои худ зиндагии беҳтару шоистае барпо созем.

Муваффақиятҳои то имрӯз ба даст омада итминони моро ба пешрафти минбаъдаи ҷомеаамон мустаҳкам месозанд.

Бори дигар шумо - мардуми шарафманду азизи кишварамро бо фаро расидани Иди саиди фитр самимона табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва комёбиҳои беназир ба нафъи миллату Ватан орзу менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520