Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Даҳсолаи охирини асри бистум дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии халқи тоҷик нақши ниҳоят муҳим ва гузашта аз ин, нақши сарнавиштсозро бозид. Маҳз дар ҳамин даҳсола воқеаҳое рӯй доданд, ки боиси тағйирот ва таҳаввулоти бунёдии ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва тарзи зиндагии мардуми кишварамон гардиданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки даҳ сол муқаддам дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.

Ба ёд овардани ин санаи муҳими таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги гражданӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Қабл аз ҳама саволе ба миён меояд, ки чаро Иҷлосияи XVI дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе барпо нагашт? Сабаб дар он буд, ки дар Душанбе- шаҳре, ки шоирон ҳанӯз дар гузаштаи на он қадар дур шаҳри дилоро ва зеби дунёяш мехонданд, дар он айёми пурошӯб гузаронидани иҷлосия ва умуман ягон ҷаласаи дигар комилан имкон надошт. Пойтахт ба арсаи задухӯрди қувваҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарону муштзӯрон табдил ёфта буд. Тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, Конститутсия ва дигар қонунҳо зери по шуда буданд. Бисёр шаҳрвандон, аз ҷумла зиёиён аз бими ҷон шаҳрро тарк карда буданд, чунки ҳеҷ кас амният ва ҳуқуқи онҳоро ҳифз карда наметавонист.

Дар ҳолате ки чандин нафар вакилони халқ ва аъзои Ҳукумат гаравгон гирифта шуданд, Президенти аз ҷониби халқ интихобшуда зери мили силоҳ дар толори фурудгоҳи шаҳри Душанбе маҷбуран аз вазифа истеъфо дод ва Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз ӯҳдаи кор набаромада, истеъфои худро эълон кард, ҳеҷ кас ба ояндаи нек умед баста наметавонист. Дар мамлакат фазои мудҳиши бенизомиву бесарусомонӣ, беҳокимиятиву анархия ҳукмрон буд. Дар чунин шароити тоқатфарсо касе масъулияти бехатарии вакилони мардумро ба худ гирифта наметавонист. Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия на дар пойтахт, балки дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гашт. Ба ҷуз ин, дар миёни худи вакилон ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Бо вуҷуди ин, халқ ба Иҷлосияи XVI, ба вакилони худ чашми умед дӯхта буд, бори дигар ба онҳо боварӣ намуда, водор сохт, ки вазъи баамаломадаро танҳо бо роҳи қонунӣ ба эътидол оранд. Зеро ҳаёту мамоти миллат, тақдири Ватан ва халқ ба паллаҳои тарозу гузошта шуда буд.

Ин ҷо наметавонам бори дигар аз бузургию хиради азалии халқи соҳибфарҳангамон ёдовар нашавам, ки бо вуҷуди ҳамаи камбудиҳои фаъолияти парламенти ҳамонвақта ҳамчун нерӯи асосии таърих бори дигар дар худ қувва ёфт, то ин ки вакилони хешро дар як ҷо сарҷамъ кунад ва онҳоро ба амалӣ гардонидани иродаи хеш, яъне барқарор намудани сулҳу амонӣ дар мамлакат, таъмини амнияти мардум, ризоияти ҷомеа ва зиндагии осуда дар саросари кишвар ҳидоят намояд. Мо бояд ин хизмати таърихии халқамонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Ҳарчанд ки то сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар ҳанӯз дур буд, вале ба эҳтироми иштирокчиёни он иҷлосияи таърихӣ сидқан бояд гӯям, ки онҳо сарфи назар аз ҳамаи мушкилот чун фарзандони асили миллати хеш андозаи хатари ба сари мамлакат омада ва зарурати ба хотири наҷоти миллату давлат манфиатҳои олии Ватанро аз манфиатҳои худ авло гузоштанро дарк намуда буданд.

Имрӯз дар ин толори идона собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ташаббускорону созмондиҳандагони ин иҷлосияи таърихӣ, шахсиятҳои мӯътабар, зиёиён ва аҳли фарҳанг гирд омадаанд, ки даҳумин солгарди иҷлосияи шонздаҳум - яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи навини кишварамонро таҷлил намоянд. Ба ин муносибат ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми сарбаланд, бонангу номус, соҳибфарҳанг ва тамаддунсозамонро табрик мегӯям.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ - сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд. Имрӯз, бо гузашти даҳ сол, ба мо хеле муҳим аст, ки барои худ ва наслҳои оянда дақиқан муайян намоем, ки Иҷлосияи XVI дар таърихи навини миллати тоҷик чӣ нақш бозид ва ба ҷомеаи мо чӣ дод.

Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки ин эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номусро меафзуд. Зеро то он замон мо рамзҳои мутобиқ ба талабот ва шароити давлати соҳибистиқлол, яъне Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ надоштем, дар кишваре, ки аллакай дар шароити истиқлолият зиндагӣ дошт, Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Ҳамин тариқ, бо шарофати ин иқдомот ба тавлиди сохти нави давлату давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт.

Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ, чунонки гуфтам, манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт. Дар он рӯзҳои мудҳиш - дар ҳолате ки тифли навзоди истиқлолият андаруни гаҳвора интизори навозишу ғамхорӣ буд, ҳизбу ҳаракатҳои оштинопазир ва нерӯҳои ба ҳамдигар мухолиф теғ бар сари якдигар кашида, кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро ба гирдоби бӯҳрони шадиди сиёсиву йқтисодӣ ва иҷтимоӣ тела медоданд.

Мардум ба остонаи истиқлолият ва ҳаёти мустақилона қадамҳои нахустин мегузошт. Аз ин рӯ, бехабар аз ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои навхез ба гирдиҳамоиҳо ва тазоҳуроти сиёсӣ пайваст.

Мову шумо шоҳиди ҳол будем, ки дар баробари гурӯҳҳо ва қувваҳои гуногуни ифротӣ, ҳатто баъзе намояндагони номдор аз байни мардум ба гирдоби сиёсатзадагии оммавӣ гирифтор шуда, имконияти арзёбии воқеъбинонаи вазъи мавҷударо аз даст дода буданд. Душманони пасипардагии миллати тоҷик бо мадади коргардонҳои дохилию хориҷӣ ва гумоштаҳои зархариди хеш ҷавонони бетаҷрибаю гирифтори эҳсосотро ба майдонҳо кашида, дар байнашон низою ихтилоф меангехтанд. Таъқиби одамон аз нигоҳи милливу мазҳабӣ ва маҳаллӣ авҷ мегирифт, гирдиҳамоиҳои пайдарпай ва кашмакашҳои дохилӣ дастгоҳи идораи давлатиро аз боло то поён, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятиро торафт фалаҷ менамуданд. Қонуншиканӣ меъёри муқаррарӣ гардида, зӯроварӣ, ҷазодиҳии худсарона ва террори сиёсию мазҳабӣ авҷ гирифта буд. Аҳолии бисёр шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто пойтахти мамлакат аз тарси ҷони худ маҳалли зисташонро тарк мекарданд, шумораи гурезаҳо афзуда, хуни мардуми бегуноҳ мерехт.

Ин буд натиҷаи гирдиҳамоиҳое, ки муддати тӯлонӣ дар майдонҳои Душанбе идома доштанд.

Мардум бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки суст шудани пояҳои давлатдорӣ ва бетарафии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан зиёиён ба чӣ бурда мерасонад: ба фалаҷ шудани ҳокимияти давлатӣ, поймол гардидани Конститутсия ва умуман қонун, сар бардоштани қувваҳои экстремистию ҷиноятпеша, бенизомӣ дар ҷомеа ва дар аксари мавридҳо - ба заволи давлату шикасти миллат.

Аз он айёми бенизомӣ ҳарчӣ вақт бештар гузарад, мо инро амиқтар эҳсос менамоем, вале барои он, ки халқи тоҷик ба қадри тинҷию амонӣ расад ва зарурати мустаҳкам намудани пояҳои давлатро дарк намояд, моро лозим омад, ки аз миёни оташи сӯзандаи ҷанги гражданӣ гузарем, ҷанге, ки мислашро касе ёд надорад. Ин ҳама фоҷиа дар даврае идома дошт, ки кишварҳои ҳамсояву ҳамтақдири мо аз дастовардҳои истиқлолияташон рӯҳбаланд гардида, пояҳои давлатдорӣ, мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиашонро устувор мекарданд.

Дар он рӯзҳои фоҷиабору мудҳиш, ки алангаи ҷанги гражданӣ торафт бештар доман паҳн мекард, дар пешорӯйи ҳар як фарди ватанпарвар ва бонангу номус суоле меистод, ки оё Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳамчун давлати мустақили миллӣ, ҳамчун мамлакати ягонаю тақсимнопазир боқӣ мемонад ё дар натиҷаи сангаргирии тарафҳои мухолиф ба музофотҳои ҷудогона пора шуда, охирин имкони таърихии давлатсозӣ ва давлатдориашро аз даст медиҳад.

Бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки бар асари фишору дасисаҳои ҳокимиятталошон дар як муддати кӯтоҳ чандин Ҳукумат, чор нафар раисони мақоми олии қонунбарор, ҳатто ду Президенти қонунан интихобшуда ва дигар роҳбарони олимақоми Тоҷикистони тозаистиқлол дар натиҷаи фишору зӯроварӣ ва ба таври ғайриқонунӣ ба истеъфо рафтанд. Вале ин ҳама ба ризоияти миллӣ ва таъмини оромии кишвар мусоидат накард. Умеди онҳое, ки баъди истиқлолият кишвари худро дар зинаи сифатан нав дида, дар андешаи рушди иқтисодиёти мамлакат буданд, барбод мерафт. Моҳияти истиқлолият ва озодии сиёсиро дуруст дарк карда натавонистани қувваҳои гуногун ба рақобати шадиди миёни ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳукумати мавҷуда боис гардид.

Тавре ки таъкид шуд, манфиати шахсию худхоҳии сиёсии роҳбарони баъзе ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои мухталиф аз манфиати давлат, миллат ва Ватан боло мегирифт ва ҳукумати марказӣ вазъиятро назорат карда, низоми идораи корҳоро ба даст гирифта наметавонист. Ба дигар хел сурат гирифтани кор чашмдошт шудан ҳам мумкин набуд.

Ин силсилаи даҳшатбори қонуншиканиҳо, ки аслан аз ҳодисаҳои хунини соли 1990 оғоз ёфта буд, бо шаклу зуҳуроти гуногун ҷараён гирифта, оқибат ба таркиши фазои сиёсӣ оварда расонд. Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос аксари кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, ҳизбиён ва зиёиён бетарафӣ зоҳир карданд. Мақомоти ҳифзи ҳукуқ вазифаи бевосита ва ҷонии худро, ки аз ҳимояи қонунии ҳуқуқи мардум, таъмини назму тартиботи қонунӣ дар кишвар, инчунин ҳифзи роҳбарони олимақоми давлат иборат буд, иҷро карда натавонистанд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия, вакилони халқ, зиёиён ва дигар қувваҳои солимфикри ҷомеа моҳияти равандҳои онрӯза ва оқибати фоҷиабори онҳоро ба мардуми бехабар аз ҳақиқати ҳол нафаҳмониданд. Ба ибораи дигар мақомоте, ки дар он шароит бояд мардумро роҳбариву роҳнамоӣ мекарданд, аз беҷуръатӣ бетарафиро ихтиёр карданд. Дар натиҷа халқ амалан бе роҳбару сарвар, ба ҳоли худ монд. Натиҷаи даҳшатбори дигар ин шуд, ки силоҳ ба таври бенизом ба дасти аҳолӣ, алалхусус ҷавонони бетаҷриба ва баъзе гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтод.

Тоҷикистон дар он рӯзҳо киштии шикастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт, мусофирону сарнишинони ин киштӣ дар талвосаи ҷон ва халосӣ аз ин вартаи маргу нобудӣ даступо мезаданд.

Дар чунин шароит шахсоне бояд роҳбарияти мамлакатро ба зимма мегирифтанд, ки ба ин кори масъулиятнок омода бошанд. Зеро дар он давраи мураккаб аз роҳбарон аз ҳарвакта дида бештар ҷасорат, хирад, сабру таҳаммул ва фидокорӣ талаб карда мешуд.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад он лахзаҳое, ки даҳҳо нафар шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолияткарда аз қабули ин ё он вазифаи давлатие, ки Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат пешниход менамуд, даст мекашиданд. Ҳис карда мешуд, ки дар ин вазъияти ҳассос онҳо ҷуръати бардоштани бори масъулиятро надоранд ва дар ҳароси ҷони худ ҳастанд.

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI як қатор ходимон ва сиёсатмадоронеро ба майдони давлатдорӣ овард, ки нисбатан ҷавон ва ҷонибдори ғояҳои нав буда, минбаъд дар рафти кор баробари давлати тозаистиқлол обутоб ёфтанд ва аз мактаби камолоти сиёсӣ баҳравар гаштанд. Вале қадамҳои аввал ниҳоят душвор буд, мушкилӣ ва проблемаҳои ҳалталаби зиёд чун кӯҳи гарон фишор меоварданд. Илова бар ин хазинаи давлат умуман холӣ шуда, дар он рӯзҳои мушкил ба дарди мардум даво намегашт.

Дар он шабу рӯз роҳбароне низ буданд, ки охирин имкониятҳои кишвар - 27 корхонаи калонтарин, аз ҷумла нерӯгоҳи барқии Норак ва Заводи алюминии тоҷикро рӯйхат карда, ба хотири манфиати худ нақшаи ба давлатҳои дигар фурӯхтани онҳоро кашида буданд.

Гузашта аз ин, бо пуштибонии доираҳои муайян ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон торафт бештар хислати этникӣ мегирифт, ки агар пеши роҳаш гирифта намешуд, оқибати талхеро ба бор меовард.

Биёед ба хотир биёрем, ки танҳо минтақаи Кӯлоб дар натиҷаи ҳафт моҳи муҳосираи иқтисодӣ ба чӣ ҳол расида буд. Дар он давра махсусан дар шаҳри Кӯлоб, ҳар рӯз, чандин кас ҳангоми навбатпоӣ барои нон аз гуруснагӣ ҷон медоданд. Ё худ ҳафт ҳазор нафар аҳолии фақат ноҳияи Фархор дар натиҷаи гуруснагӣ ба бемории гелиотроп гирифтор шуда, азобу машаққати зиёдро аз сар гузарониданд ва чӣ қадари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Мардуми минтақаҳои дигар низ, алалхусус сокинони шаҳри Душанбе аз нарасидани нон азоби зиёде доштанд. Шояд интизорӣ ва навбат истоданҳои шабонарӯзӣ дар назди корхонаҳои нонпазӣ аз ёди бисёриҳо нарафта бошад. Ҳатто рӯзҳое буданд, ки дар пойтахти қариб якмиллионнафара ҳамагӣ 50-60 тонна орд монда, ҳатто талаботи нимрӯзаи сокинони шаҳрро қонеъ намекард. Дар ҳоле ки барои таъминоти ҳадди ақалли аҳолӣ ҳар шабонарӯз 260-280 тонна орд зарур буд. Яъне хатари гуруснагӣ бо тамоми оқибатҳои ваҳшатбораш дар рӯбарӯии мо қарор дошт.

Мо дар арафаи таҷлили даҳсолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ лаҳзаҳои ҳассос ва пурошӯби таърихи навтарини кишварамонро барои он ёдовар шудем, ки роҳи душвор ва пурфоҷиаи истиқлолияти Тоҷикистонро бори дигар пеши назар оварем.

Он чӣ буд, гузашт ва ҳадафи мо маломати касе ҳам нест. Мо бояд аз гузашта, алалхусус аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақҳои пандомӯз гирем, то ин ки ба такрори хатоҳои пешина роҳ надиҳем. Фаромӯш набояд кард: он захмҳое, ки бо дастони худ расонда мешаванд, одатан дер шифо меёбанд.

Ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки ҷанги бародаркуш оқибат ба чӣ оварда расонд: иқтисодиёти миллӣ беш аз 7 миллиард доллар зарар дид, зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро талаф дод, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор зан бесаробон монд. Бар замми ин, чӣ қадар хонаҳо вайрону валангор гаштанд, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд. Зиёни моддиро ҳисобу китоб кардан мумкин, вале зарари маънавиеро, ки мардум, махсусан ҷавонону наврасону кӯдакон аз сар гузаронданд, бо кадом ченак андоза кардан мумкин аст?!

Албатта, мо имрӯз бо далелҳо гуфта метавонем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳмилӣ буд ва таҳиягарони ин фоҷиа халқи оромтабиату пуртамкини моро ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ тела доданд.

Аз ин лихоз, ман ба халқи азизам, хусусан ба ҳизбхои сиёсӣ, иттиходияҳои чамьиятӣ, сохторҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат карда, бори дигар огоҳ месозам, ки аз ҳодисаҳои гузашта сабақи омӯзанда гирифта, дигар ба чунин худкушиву бародаркушӣ даст назанем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва махсусан дар марҳилаи имрӯзаи глобализатсияи проблемаҳои ҷаҳонӣ бозичаи дасти дигарон набошем.

Тақдири ҳар миллат бояд ба дасти худи ӯ навишта шавад, на ба дасти дигарон. Ба ёд овардани ҳодисаҳои он давра ҳамчунин ба он хотир лозим аст, ки мо тавонем воқеияти таърихиро бо ҳама бурду бохт, бо паҳлӯҳои мусбату манфӣ ва омилҳои объективию субъективии он арзёбӣ намуда, ба дасисабозии пасипардагии душманони миллати тоҷик фирефта нашавем.

Имрӯз, ки мардуми Тоҷикистон ҷараёни пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ ва сиёсатзадагии оммавиро паси сар намуда, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва давлати хеш ҳамаи табақаҳои ҷомеаро фаро мегирад, бадхоҳони миллати тоҷикро шинохтан, ба дасисаву даъвоҳои бебунёди онҳо посухи сазовор додан аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Зеро дар раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти нахустин ва муҳимтарин аст. Таъкид месозам, ки яке аз сабабҳои ҷанги гражданӣ паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани зиракии сиёсӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии миллӣ ифтихор кардан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳанӯз кам аст.

Худшиносии воқеии миллӣ тақозо мекунад, ки мо аз рӯйи ченаки замон танҳо ба гузашта не, балки ба оянда ҳам назар карда, ҳадафҳои худро ҳадди ақал барои панҷоҳ-шаст соли оянда дақиқан пешбинӣ намоем, ба сатҳи нави фарҳанги сиёсӣ расиданро таъмин кунем, моҳияти ҳама гуна ҷудоиандозию душмансозиҳоро бо фаросату зиракии сиёсӣ дарк намоем ва маҳз бо ҳамин роҳ рукнҳои давлатдориро устувор ва истиқлолияту амнияти Ватани азизи худро ҳифз карда тавонем.

Миллати тоҷик, ки бо ҳукми тақдир дар чаҳорсӯи бархурди тамаддунҳо ва империяҳои ҷаҳонии қудратталаб қарор дошт ва қарор дорад, борҳо гирифтори зарбаҳои ҳалокатбори аҷнабиён ва душманони дохилию хориҷӣ гашта, ҳастии миллат ва ҷавҳари давлату давдатдориҳои хешро бар ивази қурбонихои бузурге нигох доштаасТ.

Дар фарҷоми асри XX мудҳиштарин зарбае, ки бо нақшаи душманони хориҷӣ ва баъзе доираҳои дохилӣ ба сари мо омад, фоҷиаи ҷанги гражданӣ буд, ки ҳадафи он нест кардани генофонди миллати тоҷик, аз байн бурдани давлату давлатдории тоҷикон, пора кардани ҳудуди ягонаи ҷугрофӣ ва ниҳоят аз харитаи сиёсии олам нест кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.

Дар он рӯзҳои басо мушкил ва тақдирсоз вазифаи ҷонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ҳифз кардани соҳибихтиёрию истиқлолияти Тоҷикистон, фаъолияти шабонарӯзӣ ба хотири аз бӯҳрони амиқи ҳалокатбор, фоҷиаи хунини миллӣ ва гирдоби ҷанги гражданӣ наҷот додани Ватан ва миллат, инчунин таҳкими пояҳои сиёсию ҳуқуқии ҷомеа буд.

Маҳз аз ин рӯ, мо корро аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз кардем, ки тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдории ягона ҳадафҳои бунёдии он ба шумор мерафтанд.

Дар ҳамин замина масъалаҳои қатъ намудани амалиётҳои низомӣ, ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, дар шакли музокироти сулҳхоҳона ҳаллу фасл намудани ихтилофу зиддияти тарафҳо, бесилоҳ ва пароканда кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ба Ватан ва ҷойи зисти доимиашон баргардонидани фирориёнро ҳамчун масъалаҳое эълон кардем, ки бояд бетаъхир ва дар навбати аввал ҳал карда мешуданд.

Роҳбарони ситодҳо ва фармондеҳони сохторҳову қувваҳои низомии ҳарду тарафро дар толори иҷлосия ҷамъ овардан ва дар назди Парчами Тоҷикистон савганди садоқат ёд кардани онҳо, ҳарчанд ки иқдоми хеле хатарнок буд, аз ҷумлаи қадамҳои аввалини мо дар роҳи сулҳ ба шумор меравад. Яъне кӯшиши нахустин барои таъмини оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби тарафҳои даргир ва бе миёнаравии ташкилотҳои байналхалқӣ ё кишварҳои дигар сурат гирифт.

Ба хотири пойдории ӯҳдадориҳои оташбас ва супоридани силоҳи оташфишон "Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд", қонун қабул кардем, ки моҳиятан барои фароҳам овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин ба шумор мерафт.

Дар он марҳилаи барои миллат ва мамлакат ниҳоят душвор дар назди мо вазифаҳое меистоданд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини Ватанамон аз иҷрои бетаъхири онҳо вобаста буд. Бо ин мақсад тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

Аввалан, вобаста ба марҳилаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои Вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда асосан барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

Дуюм, масъалаи ҷиддие, ки ҳамчунин он рӯзҳо бояд бетаъхир ҳаллу фасл карда мешуд, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро чунон ки зикр намудам, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия пурра аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.

Сеюм масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд.

Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Чорум масъалае, ки ҳамчунин ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.

Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии сар задани ҷанги гражданӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани артиши миллӣ буд. Ҳол он ки артиш яке аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад. Вале то интиҳои соли 1992 дар Тоҷикистони тозаистиқлол артиши миллӣ ҳанӯз таъсис наёфта буд. Ба ҷойи он нерӯҳои ҳарбии гурӯҳҳои мухолиф амал мекарданд, ки низоми ягонаи тобеият надоштанд. Ҳатто дар он шабу рӯзҳое, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кори худро идома медод, дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳукм меронданд, ки аксари онҳо ба касе итоат намекарданд.

Ногуфта намонад, ки мо дар солҳои аввали таъсисёбии нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор омадем. Аз собиқ давлати шӯравӣ барои мо ягон қисми ҳарбӣ ё техникаи низомӣ мерос намонда буд. Таъминоти қувваҳои мусаллаҳ бо қароргоҳу биноҳои лозима, техникаи ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ, либос ва озуқаворӣ мушкилоти зиёде дошт. Қадамҳои нахустини таъсис додани нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ бо вуҷуди ҳама камбудиҳояш барои давлати тозаистиқлоли мо як дастоварди муҳим ба шумор мерафт.

Бо мурури замон қисмҳои ҳарбӣ аз ҳисоби давлат бо техникаю лавозимоти ҳарбӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин карда шуданд. Дар чумҳурӣ мактабҳои олӣ ва академияи ҳарбӣ, аз ҷумла Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, мактабҳои олии тарбияи кадрҳо барои вазоратҳои мудофиа, амният ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис ёфтанд. Мо ҳамчунин тарбияи кадрҳои ҳарбиро дар хориҷи кишвар ба роҳ мондем. Дар як муддати кӯтоҳ қисмҳои ҳарбӣ бо афсарони дорои маълумоти олӣ пурра гардиданд.

Панҷум масъалае, ки бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирифт, пешомадхои рушди иқтисодиро муайян намуда, халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд. Аз ин лиҳоз ягона роҳи раҳидан аз мушкилоти иқтисодӣ ва боздоштани пастравии истеҳсолот рӯ овардан ба низоми иктисоди бозорӣ буд.

Иқтисодиёти мутамаркази аҳди шӯравӣ, ки асосан ба парваришу истеҳсоли пахта ва афзалияти якказироатӣ бунёд ёфта буд, ба талаботи сиёсати иқтисодии замони истиқполият Ҷавоб дода наметавонист. Гузашта аз ин, кандашавии робитаҳои иқтисодию тиҷоратии мутамарказ ба коҳиш ёфтани даромади дохилии ҷумҳурӣ овард, ки дар натиҷа аз андозаи давраи шӯравӣ се баробар кам шуд. Қариб 70 фоизи корхонаҳои саноатӣ тадриҷан аз фаъолият монда буданд. Мағозаҳо аз орду нон ва дигар маводи хӯрокӣ холӣ шуда, сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурати аввалияи аҳолӣ ва корхонаҳо намерасид.

Дар даврае, ки кишварро оташи ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида ба ғорат кардан ва аз қаламрави Тоҷикистон бо роҳи ғайриконунӣ баровардани ашёи хоми стратегӣ, воситаҳои техникӣ, хатҳои технологӣ, таҷҳизот ва ғайра даст заданд.

Ҳамин тариқ, мо на фақат аз ҳиссаву ҳаққи қонунии худ ба мероси давлати шӯравӣ маҳрум мондем, балки дар натиҷак ғорати сарвату дороиҳои мавҷудаамон зараре дидем, ки аз зиёни иқтисодии ҷанги шахрвандӣ якуним баробар зиёдтар буд.

Дар пешорӯйи давлати тозаистиқлоли мо якбора даҳҳо суоли ҳалталаб меистоданд: бо кадом роҳ пастравии истеҳсолот ва беқурбшавии пулро боздорем? Аҳолиро чӣ гуна бо нон ва маводи дорувор таъмин намоем? Чӣ чора андешем, ки корхонаву хоҷагиҳо, умуман иқтисодиёт, инчунин мактабҳо ва беморхонаҳо аз фаъолият намонанд? Аз кадом ҳисоб маош, нафақа ва дигар маблағҳои иҷтимоиро сари вақт пардозем? Қарзи вазнини хориҷиро, ки дар давраи бенизомӣ бар дӯши мо афтода буд, чӣ тавр баргардонем?

Ҳукумати Тоҷикистон бо душворӣ бошад ҳам, ба хотири тадриҷан ҳал кардани ҳамаи ин мушкилот тадбирҳои зарурӣ андешид. Пеш аз ҳама барномаҳое қабул карда шуданд, ки дар шароити нави иқтисодӣ самтҳои ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян карда, барои рушду нумӯи иқтисоди бозорӣ мусоидат намуданд. Бо ин мақсад мо ҳамкориро бо институтҳои байналхалқии молиявӣ васеъ ба роҳ мондем, барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва дохилӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузоштем. Дар натиҷа фақат барои татбиқи лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ даҳҳо миллион доллар сармояи хориҷӣ бо шартҳои имтиёзнок ҷалб ва сарф карда шуд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ин тадбир даҳҳо ва садҳо мактабҳо, беморхонаву дармонгоҳ, ҳазорон хонаи истиқоматӣ, кӯпруку роҳҳои валангоршуда таъмир ва аз нав ба истифода дода шуданд.

Масъалаи тақсими замин ба аҳолӣ, ки проблемаи нонро пурра ҳал кард, инчунин барои афзоиши дигар маҳсулоти кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшид, дар он солҳои вазнин яке аз дастовардҳои муҳим буд.

Илова бар ин, қариб як миллион нафар гурезаҳо аз кишварҳои дуру наздик ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонида шуданд. Дар ҳоле ки имрӯз дар ҷаҳон қариб 55 миллион нафар мусулмонон ҳамчун фирорӣ берун аз кишварҳои худ умр ба сар мебаранд, ба маҳали зисташон бозпас овардани як миллион гуреза падидаест, ки мислаш дар таърихи башар кам дида шудааст.

Шашум масъала муайян кардани стратегияи сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ буд. Тоҷикистон роҳу равиши пайвастан ба ташкилотҳои байналмилалиро ҷуста, дар айни ҳол мустаҳкам кардан ва боз ҳам густариш додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо давлатҳои дигар пеш гирифт.

Барқарор намудани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои дуру наздик, ворид шудани Тоҷикистон ба даҳҳо созмону ташкилотҳои байналмилалии сиёсиву молиявӣ боиси дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидан ва дастгирӣ ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Мо имрӯз вазифаи худ медонем, ки ба созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, давлатҳои кафил, инчунин институтҳои байналхалқии молиявӣ барои кӯмакашон дар ҷараёни музокироти сулҳ ва барқарорсозии баъди низоъ бори дигар изҳори миннатдорӣ намоем.

Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш хоҳад кард, ки ҳамкориро бо ҳамаи созмону ташкилотҳо, ҳамчунин кишварҳое, ки бо мо муносибати дӯстона ва беғаразона доштан мехоҳанд, густариш диҳад. Ба ибораи дигар, асоси сиёсати хориҷии мо сиёсати дарҳои кушода барои муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.

Ҳалли масъалаи фаъолияти минбаъдаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз ҷумлаи корҳое буд, ки моро ба консепсияи такмили фаъолияти рукнҳои ҳокимият ва тақвияти ҳамкории ҳамаҷониба бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои Ҷамъиятӣ оварда расонд.

Ба ин хотир, ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, онҳоро даъват кардем, ки ба эҳсосот дода нашаванд, ба суханони душманони миллат фирефта нагарданд ва зархариди давлатҳои бегона набошанд. Ин муроҷиатнома минбаъд ба таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ хеле мусоидат намуд. Чор санади муҳимтарине, ки дар он айём қабул карда шуданд ва аз тарафи халқ пуштибонии ҳамаҷониба ёфтанд, яъне Қонун дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсони дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят содиркарда, Қонун дар бобати ҳифзи гурезаҳо ва ба ҷойи зисти доимиашон баргардонидани онҳо, инчунин муроҷиатнома ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26 ноябри соли 1992 нахустин асноди қонунӣ ва меъёрие буданд, ки мардумро ба тантанаи сулҳ ва таъмини оромӣ умедвор месохтанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд. Ҳаёт нишон дод, ки сиёсати пешгирифгаи мо бо вуҷуди ҳама бурду бохтҳояш ҷавобгӯйи самтҳои стратегии роҳу равиши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Агар аз фосилаи даҳсолаи наздик ба роҳи паймудаамон назар кунем, мебинем, ки волоияти қонун ва бо роҳи конститутсионӣ, бо роҳи музокирот ҳаллу фасл намудани тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба низом даромада, эҳтироми озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони мамлакатамон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин карда мешавад.

Чунон ки тамоми шумо огоҳӣ доред, расидан ба сулҳу субот, ноил шудан ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҷомеа чандон кори осон набуд. Баръакс, роҳи сулҳ роҳи басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буда, аз ҳарду тараф мухолифони зиёде дошт. Вале сарчашмаи ғизодиҳанда ва қувватбахши ғояи сулҳ, яъне хурду бузурги мардуми кишвар ва ақли солими ҷомеа сабаб шуд, ки мо роҳи ягона ва дурусти таъмини суботи кишвар - роҳи музокироти сиёсиро аз ҷангу мухолифати мусаллаҳона, ки оқибаташ боз ҳам фоҷиаи миллат буд, болотар шуморидем.

Ба хотири таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ дар шароите, ки ҳеҷ кас кафолати амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист, ба минтақаҳои ноороми кишвар, ба Кобул, Хосдеҳ ва дигар ҷойҳо сафарҳои зиёд анҷом додем. Чунки ғайр аз сулҳ роҳи дигар набуд ва мо бояд бо кадом баҳое, ки набошад, сулҳро ба ҳар хонадони Тоҷикистон меовардем. Дар давоми 40 моҳе, ки раванди гуфтушунид идома ёфт, намояндагони ҷонибҳои мухолиф зиёда аз 21 маротиба дар шаҳрҳои дуру наздики хориҷа вохӯриҳо гузаронида, зиёда аз 36 ҳуҷҷати расмӣ қабул карданд.

Дар натиҷа фазои мусоиди сулх бо дастгирӣ ва пуштибонии ҳамаҷонибаи тамоми хурду бузурги Тоҷикистон, заковату хиради азалӣ, сабру таҳаммул ва қудрати якдигарбахшии ҳамватанони мо фароҳам омад ва ниҳоят рӯзи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам имрӯз бори дигар саҳми арзандаи собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва роҳбарияти он, аъзоёни Комиссияи Оштии Миллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман намояндагони ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷомеаро дар пирӯзии ғояи сулҳ дар Тоҷикистон махсусан хотирнишон созам ва ба ҳамаи онҳо изҳори ташаккур намоям.

Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар таъмини сулҳу ваҳдат Аҳдномаи ризоияти ҷомеа нақши муассир бозид. Аҳднома, ки 9 марти соли 1996 ба он Президенти мамлакат ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои фарҳангӣ, ташкилотҳои эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ имзо гузоштанд, таҷассумгари хоҳишу мароми аксари мардуми кишвар буд.

Бешубҳа, Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ҳамчун шакли пурсамари ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи бозёфтҳои камназири мо дар давраи истиқлолият мебошад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ин самт таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалиро ба худ мекашад, зеро он дар оянда метавонад ҳамчун намунаи ҳамкории қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ баҳри ба даст овардани таносуб ва тавозуни манфиатҳо ва ақидаҳои гуногун дар ин ё он кишвар хизмат кунад.

Дар давоми солҳои минбаъда интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои кишвар сурат гирифт, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Дар заминаи ин тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олии мамлакат чун шакли нави парламент, ки системаи дупалатагиро фаро мегирад, таъсис ёфт.

Ба шарофати сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор намудани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи қонун ва дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани гуногунандешии сиёсӣ имконпазир гашт, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо риояи ҳуқуқҳои баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ба амал бароварда шуд. Ва парламенти Тоҷикистон амалан мақоми олии қонунбароре гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун якҷоя фаъолият намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳо ва барномаҳои муҳими давлатӣ ширкат меварзанд.

Ин тадбир боиси вусъатёбии ҳамкории ҳамаҷонибаи ҳокимияти давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гардид ва манфиату ормонҳои ҳамаи табақаҳои аҳолиро дар рушди давлатдорӣ фаро гирифт. Ҳамин тариқ, корҳои бунёдӣ дар бобати фароҳамсозии заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаву пурсамари шохаҳои ҳокимият, инчунин фаъолияти озоди ҳар як шаҳрванд ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло вазифаи муқаддаси ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ғайридавлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳар як фарди Тоҷикистон - аз Роҳбари давлат то шаҳрванди қаторӣ аз он иборат аст, ки дар таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои қонуният саҳмгузор бошанд.

Зеро мо як бор дар таърихи начандон дури худ оқибати фалокатбори қонуншиканӣ ва гузашта аз ин, зери по кардани Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро дидем ва дигар ҳеҷ гоҳ ба такрори чунин беназмиву беқонунӣ бояд роҳ надиҳем.

Бунёди ҷомеаи пешрафта қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад. Мо бояд эҳтирому саҷда карданро ба қонун омӯзем, аз ҷаҳорчӯбаи Конститутсия берун набароем ва кӯшиш намоем, ки қонуну қонуният мизони вокеин зиндагӣ, пойдевори ҳаёти ҳаррӯза ва низоми ҳамешагии давлатдории мо гардад.

Дӯстони азиз!

Таърихи навтарини истиқлолият ва давлату давлатдории тоҷикон дар даҳсолаи охири асри XX соҳиби арзишҳои беназире гардид, ки дар тӯли садсолаҳо барояш муяссар нашуда буд. Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ гардида, истиқлолияти миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи давлати моро беш аз 130 мамлакати ҷаҳон ба таври расмӣ шинохт.

Дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон дар тӯли ин даҳсола дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт назаррасанд. Вале дар маҷмӯъ ҳамаи ин дастовардҳо набояд мову шуморо қаноатманд созанд. Гузашта аз ин, пешорӯйи мо як қатор проблемаҳое истодаанд, ки ҳалли онҳо барои ҷомеаамон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.

Ман пеш аз ҳама проблемаи камбизоатии аҳолиро дар назар дорам. Пӯшида нест, ки сатҳи зиндагии мардум ҳанӯз паст аст, маошу нафақапулӣ барои таъмини рӯзгор кифоягӣ намекунад. Барои аз ин ҳолат баровардани ҷомеа Ҳукумати мамлакат тадбирҳо меандешад, ки муҳимтарини онҳо Барномаи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки мо тадриҷан болоравии иқтисодиётро таъмин намуда, ба беҳдошти зиндагии мардум муваффақ шавем. Вале дар айни замон мардуми мо бояд омилҳоеро, ки сабаби камбизоатӣ мебошанд ва мо барои аз миён бардоштани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем, донад:

Якум. Маълум аст, ки дар арафаи пошхӯрии давлати шӯравӣ Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз ҷумлаи ҷумҳуриҳои қафомонда ҳисоб мешуд ва асосан нақши манбаи ашёи хомро иҷро менамуд.

Дуюм. Афзоиши мунтазами аҳолӣ, ки дар замони шӯравӣ мардум ба ин ҳавасманд карда мешуд. Ин кор беғаразона набуд.

Масалан, ҳар сол фақат аз Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ба сафи артиши шӯравӣ даъват мешуданд.

Сеюм. Ба ҳамаатон маълум аст, ки 93 фоизи Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад. Яъне захираи замин дар кишвар мутаносибан ба суръати афзоиши аҳолӣ хеле кам аст.

Чорум. Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ комплекси ягонаи хоҷагии халқ халалдор гардид ва робитаҳои иқтисодии миёни ҷумҳуриҳо канда шуданд. Ин яке аз сабабҳои бекор мондани корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат гардид.

Ва панҷум, ҷанги харобиовари гражданӣ, ки ба иқтисодиёти миллӣ зиёни ниҳоят гарон расонд.

Чунинанд омилҳои асосие, ки ба паст рафтани сатҳи зиндагии мардум боис шуданд.

Бори дигар таъкид месозам, ки ин проблемаҳо дар мадди назари Ҳукумат қарор доранд ва барои рафъи онҳо чораҳо андешида мешаванд.

Дар баробари амалӣ намудани Барномаи стратегияи камбизоатӣ мо бояд ба тезонидани ислоҳоти иктисодӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ эътибор диҳем. Хусусигардонии моликияти давлатӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд овардани шабакаҳои нави коммуникатсионӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳамин чорабиниҳо мебошанд. Вале ин ҳама ҳанӯз кифоя нест. Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло боз мегӯям: то он даме, ки мо ба ҳалли проблемаи банақшагирии оила ва танзими расму оинҳо муваффақ нашавем, проблемаи камбизоатӣ ҳам ҳалли худро ёфта наметавонад. Зеро ин проблемаҳо ба якдигар зич вобаста мебошанд ва дар навбати худ сабабгори ба вуҷуд омадани як қатор проблемаҳои дигар гашта, ба пешрафти ҷомеа монеъ мешаванд.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳоло ҳар як оилаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 7 нафар иборат аст. Яъне як нафар корманд тақрибан шаш нафарро мехӯронад ва мепӯшонад. Ҳол он ки дар мамлакатҳои тараққикарда дар аксарияти мавридҳо ду нафар саробонии як фарзандро ба зимма доранд ва табиист, ки имкониятҳои онҳо дар кори тарбияю таълими фарзанд хеле ҳам зиёд аст.

Агар натиҷаҳои барӯйхатгирии охирини аҳолиро асос қарор диҳем аҳолии мамлакати мо соли 2010-ум тақрибан ба 8 миллион хоҳад расид. Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як масъала ҷалб намоям. Дар ҳоле ки кишварҳои пешрафта бо вуҷуди доштани имкониятҳои хеле васеъ ба афзоиши бенизоми аҳолӣ роҳ намедиҳанд, балки баръакс, илму техникаро пеш мебаранд, дастовардҳои худро мунтазам такмил медиҳанд, кашфиётҳо мекунанд, вале аҳолии мамлакатҳои қафомонда бошад торафт зиёд шуда, захираҳои дохилии худро асосан бо мақсадҳои истеъмолӣ сарф мекунанд. Аз ин муқоиса худатон бояд хулоса бароред.

Аз лиҳози меъёрҳои тамаддуни асри XXI ва пешрафти рӯзафзуни кишварҳои тараққикардаи олам мо ҳанӯз дар ибтидои марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии моҳияти иҷтимоидошта ва оғози таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат қарор дорем.

Акнун вақти он расидааст, ки бо заҳмати бунёдкоронаву талошҳои созанда алалхусус истиқлолияти сиёсию иқтисодиро пойдор намуда, тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиётро ривоҷ диҳем, сифат ва сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорем ва дар миёни кишварҳои мутамаддину пешрафтаи дунё мақоми сазовор пайдо намоем.

Истиқлолият ба ихтиёри мо истифодаи мустақилонаи тамоми сарватҳои моддию маънавии кишвар, пеш аз ҳама нерӯи азими ақлонӣ, захираҳои бузурги табиӣ, халқи меҳнатдӯст ва фарҳанги бобақою офарандаро гузоштааст. Корҳоеро, ки мо то ҳол ба сомон расондаем ва нақшаҳои азимеро, ки барои даҳсолаҳои оянда пешбинӣ намуда, дар бобати таъмини истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, фарҳангӣ ва ғайра қадамҳои ҷиддӣ мебардорем, бешубҳа моро ба фарҷоми неки роҳи пешгирифтаамон мерасонанд.

Лекин як нуктаи муҳимро таъкид месозам, ки тамоми корҳои зикршударо худамон бояд анҷом диҳем, Ватанамонро худамон бояд обод кунем, миллатамонро низ худамон бояд ба сатҳи халқҳои пешрафтаву мутамаддин ва осуда расонем.

Яъне масъулияти ватандорӣ аз ҳар кадоми мо меҳнати софдилона ба хотири ободии марзу буми аҷдодӣ ва муносибати содиқонаро ба сарзамини ниёгон тақозо дорад.

Ғайр аз ин мо бояд барои ҳалли масъалаҳои ояндаи давлатамон тарбияи кадрҳоеро, ки ба талаботи давру замон ҷавоб дода тавонанд, бо донишу таҷрибаи муосир мусаллаҳ бошанд, ба роҳ монем.

Ин ҷо хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар кишварҳои мутамаддин сатҳи тараққиёти ҷомеаро аксар вақт аз рӯйи мақоми иҷтимоии зан баҳо медиҳанд. Ин комилан дуруст аст. Агар зан бомаърифат бошад, маърифати ӯ на танҳо ба тарбияи фарзандон, балки умуман ба муҳити оила таъсири нек мерасонад. Дар чунин оила одатан фарзандони нек ба камол мерасанд ва узви шоистаи ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи ҳарчи баланд бардоштани қадру манзалати зан дар оила ва ҷомеа бештар диққат диҳем, духтаронро ба таҳсил ҷалб намоем ва аз онҳо мутахассисони соҳибмаълумот тайёр кунем. Аз ин чиз, чунонки таҷриба нишон медиҳад, ҷомеа фақат бурд мекунад.

Дар мавриди ҷавонон бошад, ҳаминро таъкид карданӣ ҳастам, ки масъулияти фардои миллат ва давлат ба дӯши онҳост. Он ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд. Мо бояд боварии комил дошта бошем, ки ба ҷойи наслҳои имрӯза ҷойнишинҳои арзанда меоянд.

Маҷрои пурталотуми ҳаёт дар интиҳои асри XX ва оғози асри XXI нишон медиҳад, ки андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ торафт афзуда, қодир аст ҳама гуна давлати қафомондаю гирифтори таассубро ба фазои ҷангу низоъҳои мухталифи идеологию динӣ, муноқишаҳои марзӣ, зиддиятҳои миллию нажодӣ тела дода, онро ноаён ба коми худ фурӯ барад.

Талошҳои ошкору ниҳони давлатҳои абарқудрат ва нерӯҳои сарватманди молиявӣ барои ба даст овардани манбаъҳои сӯзишворию ашёи хом ва тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, дар саросари сайёра талотумҳои шадиди глобалӣ ва бархӯрдҳои оштинопазири геополитикиро ба бор меоранд. Мо мисоли равшани инро дар омилҳои сар задан, авҷ гирифтан ва қариб чаҳоряк аср идома ёфтани ҷанги дохилии Афғонистон дида метавонем.

Равандҳои нави ҳаёт бар дӯши давлати соҳибистиқлол ва миллати бофарҳангу куҳанбунёди мо масъулияти басо бузург ва қарзи муқаддаси таърихиеро мегузоранд, ки аз нав гирифтори чунин бозиҳои ғофилгир нагардем. Мо бояд ба равандҳои пурталотуми сиёсию иқтисодие, ки дар миқёси ҷаҳони имрӯза сурат мегиранд, баҳои муносиб дода, роҳи дурусти пешрафтро оқилонаю огоҳона интихоб намоем, ба доми рақибони пасипардагии худ гирифтор нагардем. Маҳз ҳамин камингоҳҳои геополитикӣ ва идеологӣ дини моҳиятан инсондӯсту адолатпарвари исломро бо баҳонаҳои гуногун, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ ва экстремизм доғдор месозанд. Имрӯз низ раванди бо баҳонаҳои сохтаву бофта бадном намудани дини мубини ислом - ин сарчашмаи мусаффои ахлоқ ва покизагӣ идома дорад.

Чандин сол мешавад, ки ман дар суханрониҳои худ аз минбарҳои гуногун, ҳатто аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сабабҳо ва омилҳои пайдоишу густариши терроризм ва экстремизмро таъкид месозам.

Терроризм ва экстремизм ба кадом андозае хавфу хатар ва оқибати фоҷиабор дошта бошанд, қочоқи маводи мухаддир низ ба ҳамон андоза барои инсоният хавфу хатар дорад ва оқибаташ ҳамин гуна фоҷиабор аст. Гузашта аз ин, қочоқи маводи мухаддир барои ривоҷ гирифтани терроризм ва экстремизм заминаи мусоид аст. Бинобар ин, мо ин се хатари азими асрро, ки ба аҳли башар таҳдид менамоянд, дар як радиф мегузорем ва зарурати баробар решакан намудани онҳоро таъкид менамоем.

Раванди рӯй додани амалиётҳои террористӣ дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI нишон медиҳад, ки ягон давлати абаркудрати дунё дар танҳоӣ аз ӯҳдаи бартараф кардани хатари терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баромада наметавонад. Зеро амалиётҳои террористии дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Россия рӯйдода нишон медиҳанд, ки терроризм торафт бештар хусусияти байналмилалӣ касб карда, ҷанбаҳои муташаккил, ҳомиёни пурқудрати пасипардагӣ ва имкониятҳои фаровони молиявӣ дорад.

Яке аз манбаҳои асосии молиявии терроризм ин даромад аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳангоми мулоқот бо Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷаноби Кофи Аннан, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, мо масъалаи созмон додани коалитсияи байналхалқии мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддирро ба миён гузоштем.

Мо мисли пештара муборизаи худро бар зидди ин вабое, ки аз асри гузашта ба замони мо мерос монд, яъне терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил ва умуман ҳама гуна қонуншиканӣ идома медиҳем. Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки аз омезиш додани дин бо сиёсат, кадом дине, ки набошад ва дар кадом минтақаи дунё, ки набошад, пеш аз ҳама дин доғдор мегардад. Чунки пайвастани дин ба сиёсат ҳамеша боиси нооромии ҷомеа ва сар задани низоъҳои гуногун мешавад.

Имрӯз, чунон ки зикр намудам, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳам аз нигоҳи мавқеи геополитикӣ, дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад.

Бо назардошти вазъи минтақа ва муноқишаҳои атрофи он ба халқи тоҷик ва вакилони мардумӣ, алалхусус сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори умум, инчунин ҷавонон лозим аст, ки фарҳанги воло, маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ, тарғиботи ифротгароёнаи динию ғояҳои экстремистӣ, терроризму зӯроварӣ ва идеологияи таҳмилёфтаи доираҳои ғаразноки кишварҳои дигар нашаванд. Мо аллакай як маротиба меваи талхи ба инобат нагирифтани хусусиятҳои хоси ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин пайравии ғофилона аз идеологияи бегона ва ғояҳои таҳмилёфтаи кишварҳои хориҷиро чашидем.

Сиёсати бидуни зӯроварӣ бунёд намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик - роҳест, ки мо интихоб намудаем ва бо ҳамин роҳ мунтазам пеш меравем.

Ин роҳест, ки ҳуқуқ ва озодиҳои кулли шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, зиндагии осоишта, меҳнати осудаҳолона, тарзи ҳаёти дунявӣ, фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои васеи мардуми созандаю ободгарро пуштибонӣ менамояд.

Ин роҳест, ки худи халқи Тоҷикистон интихоб намудааст ва ҳеҷ нерӯе ҳақ надорад, ки аҳли ҷомеаи моро аз роҳи интихобнамудааш боздошта, тарзи дигари ҳаёт, низоми сиёсӣ, ақидаю идеология ё ғояҳои тахрибкоронаашро ба сари мардуми мо зӯран бор кунад.

Ин роҳест, ки арзишҳои беҳтарини тамаддуни башариро фаро гирифта, зимни ташаккули иқтисоди пешрафтаю устувори миллӣ, дурнамои сиёсати иктисоди бозориро ҳадафи худ қарор дода, ҷомеаи моро ба пеш мебарад.

Ин роҳест, ки эҷод ва бунёди муносибатҳои солими бозориро зина ба зина дар ҳаёт татбиқ сохта, аз сиёсати иқтисодие пуштибонӣ мекунад, ки моҳияти иҷтимоӣ ва башардӯстона дошта, дар чорчӯбаи арзишҳои демократӣ ба таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Ин роҳест, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷугрофӣ, табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, системаи самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин намуда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва инкишофи шахсият фазои мусоиди хуқуқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ фароҳам меорад.

Ин роҳест, ки ба рӯйи халқи бохираду меҳнатдӯсти тоҷик дарвозаи асри нав - асри дастовардҳои бузурги иҷтимоию иктисодӣ ва илмию фарҳангиро мекушояд.

Ҳамватанони азиз!

Солҳо мегузаранд, наслҳо дигар мешаванд, ба ҷойи падарон фарзандон ба арсаи зиндагӣ ва минбари сиёсат меоянд. Вале номи неки онҳое, ки дар навиштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи навтарини миллат заҳмат кашида, фидокориҳо кардаанд, дар хотираи миллати тоҷик абадан зинда мемонад.

Бигузор, номи фидоиёни воқеии роҳи истиқлолияти Тоҷикистон пояндаву ҷовидон монад!

Бигузор парчами истиқлолият ва сулҳу ваҳдат раҳнамою ҳидоятгари мо ба сӯйи ояндаи нек ва зиндагии осоишта бошад!

Мо ба оянда назари нек дорем, ҷониби он дилпурона қадам мегузорем ва эътимоди комил дорем, ки асри XXI барои мо асри авҷу болоравии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, рушду нумӯи давлатдории милли, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангӣ хоҳад шуд.

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ва ба тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатӣ, бахту саодат ва комёбиҳои беназир орзу менамоям!

Ҳамеша сарбаланду шоду пирӯз бошед! Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520