Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтор ва Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Имре Ласлотский ва Ишван Моквариро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Маҷористон баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои санадҳои имзошуда ва тавофуқоте, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.
Ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ба хусус ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Сафири фавқулодда ва мухтор ва Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Маҷористон изҳор доштанд, ки барои густариш додани робитаҳои судбахши дуҷониба ҷаҳду талош мекунанд.