Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

12.05.2014 17:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, аз миёни 9 нафар кадрҳои мақомоти прокуратура Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, Прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода Муовини аввали прокурори пойтахт таъин карда шуд.

Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Балҷувон, Вахш, Ҷиликул ва Тоҷикобод, Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.

Нурилло Орипов Сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев Сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.

Музаффар Ҳотамов, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид дошт, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520