Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

19.05.2014 11:15, Чин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “тайи 12 моҳи гузашта 3 маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишварро нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиоботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш” номид.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистонро “ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боътимоди стратегӣ” номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Аз оғози кори як қатор ширкатҳои чинӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии чинӣ ҳам изҳори хушӣ карда шуд.

Доир ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди иншооти нави истеҳсоли нерӯи барқ ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки мардуми ин кишвар ҳунари санъаткорони тоҷикро бисёр хуб пазируфтанд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Чин тасмим дорад, шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилотии ин кишвар, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг,  афзун намояд.

Атрофи рӯзномаи ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Андешаҳои ҷолиб, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳамгироии муштарак барои пешгирӣ аз олами муосир баён карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520