Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шўрои Исломии (Парлумони) Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз фаъол гардидани чархаи якуми нерўгоҳи Сангтўда-2, изҳори боварӣ намуд, ки ҷониби Эрон дар бунёди нерўгоҳҳои нави дигари Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳад дошт.
ҳарду ҷониб аз рў ба густариши васеъ овардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам илмию фарҳангии ду кишвари дўст изҳори хушҳолӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд тавассути таъмини шароити мусоиди сиёсӣ-ҳуқуқии ташвиқи сармоягузорӣ ва танзими беҳтари муносибатҳои иқтисодӣ дар афзоиши босуръати тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории васею густурдаи иқтисодӣ нақши намоён дошта бошанд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба робитаҳои парлумонии сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, муносибот дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Исломӣ ва масоили дигари минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.