Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот

22.05.2014 09:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ миёни онҳо тирпаронӣ сурат гирифта, боиси фавтидани 2 нафар ва захмӣ шудани чанд каси дигар аз ҳарду ҷониб гардидааст.

Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд, прокуратура ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.

Хотирасон бояд намуд, ки бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520