Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони роҳи мошингарди Шўрообод - Қалъаи Хумб

31.10.2011 17:00, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Дўстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мо имрўз дар маросими гузоштани санги асоси боз як пули мошингард дар байни ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оғози бунёди роҳи мошингарди Шўрообод – Қалъаи Хумб иштирок менамоем.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи шумо – меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромиро ба муносибати шурўъ гардидани сохтмони ин ду иншооти муҳим, ки идомаи неки раванди корҳои бунёдкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон мебошад, табрик мегўям.

Тавре ки ҳамватанони мо хуб медонанд, ҳукумати мамлакат бо роҳи татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ сохта, ба истифода додани роҳу пулҳои дохиливу байналмилалӣ ва нақбҳоро вусъат бахшида, тавассути онҳо робитаи нақлиётии байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварро дар чор фасли сол таъмин намуда, ҳамзамон бо ин, рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулотро ба хориҷи мамлакат торафт афзоиш медиҳад.

ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо роҳи сохтмон ва таҷдиди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ равона шудааст.

Имрўз дар мамлакат танҳо дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, алалхусус сохтмони роҳу пулҳо 9 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар зарфи солҳои истиқлолият ҷиҳати ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил додани Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон танҳо дар самти Душанбе – Хоруғ - Мурғоб то ағбаи Кулма беш аз 15 лоиҳаи сармоягузорӣ барои таҷдиду бунёди роҳу пулҳо амалӣ гардида, тавассути қаламрави шарқии мамлакат Роҳи Бузурги абрешим баъди сукути чандинасра аз нав эҳё карда шуд.

Яъне дар натиҷаи тадбирҳои то имрўз амаликардаи ҳукумат Тоҷикистон на танҳо ба як ҳудуди воҳид, балки ба қаламрави транзитӣ низ табдил ёфтааст. Дар натиҷа, ҳаҷми савдову мубодилаи молу маҳсулот, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамҷавор торафт афзоиш ёфта, муҳимтар аз ҳама, мушкилоти сангини аҳолии вилоят дар бобати рафтуомад ба пойтахти кишвар аз байн бардошта шуд.

Дар баробари ин, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои дўсти ҳамсояамон, хусусан бо ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷумҳурии Халқии Хитой густариш ёфта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ танҳо дар 5 соли охир беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст.

ҳамзамон бо ин, рушди инфраструктураи нақлиётӣ боиси дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташкили корхонаҳои нав ва тараққӣ кардани соҳаи саноати маъдан ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ хоҳад гашт.

ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди сармоягузорӣ, воридоти техникаву технологияҳои муосир ва ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти густариши фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои мунтазам ва зарурӣ меандешад.

Дар ин ҷода оғози корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Кўлоб – қалъаихумб дар қитъаи Шўрообод - Шоҳон рўйдоди воқеан фараҳбахш мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии беш аз 440 миллион сомонӣ тавассути сармоягузории муштарак амалӣ карда мешавад ва ба дарозии 40 километр бо ду самти ҳаракат, иборат аз 9 пул ба дарозии беш аз 1060 метри тўлонӣ дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.

Баробари ба итмом расидани таҷдиду азнавсозии ин қитъаи роҳ яке аз масъалаҳои охирину асосии шоҳроҳи Душанбе – қалъаихумб – Хоруғ пурра ҳал гардида, дар ҷараёни бунёди он ва минбаъд низ барои аҳолии ноҳияи Шўрообод ва деҳаҳои атрофи он садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи шарикони рушд, ки дар сармоягузории ин иншооти муҳим саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос намуда, ба сохтмончиёну бунёдкорони он барори кор орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки қисмати роҳи Шўрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Дар робита ба ин, бояд махсус зикр намуд, ки роҳу пулҳои то ба имрўз бунёдгардида - шоҳрагҳои рушди минбаъдаи кишвар буда, бояд барои имрўзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Бинобар ин, роҳбарони Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳубин ва истифодаи дурусти роҳу пулҳо, пешгирӣ кардани вайроншавии онҳо ва риояи меъёрҳои муқарраргардидаи роҳдорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамчунин хотирнишон месозам, ки имрўзҳо фасли зимистон наздик шуда истодааст ва омодагии ҳамаҷониба барои бо мушкилоти камтар гузаронидани мавсими сардӣ, аз ҷумла тайёрии ҳолати роҳу пулҳо ва техникаи зарурӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Дар баробари ин, кашонидану захира намудани сўзишворӣ ва маводи озуқа дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон бояд сари вақт анҷом дода шавад.
Ин масъалаҳо низ вазифаи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин кори муҳими ҳар як оила мебошад.

Дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки ҳар як оила бо захираи зарурии маводи хўрока ва сўзишворӣ, иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ ба зимистон омода бошанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми созандаву бунёдкор ва тамаддунсозу таҳаммулгарои мо минбаъд низ барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Дар ниҳояти сухан бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бо оғози боз як иншооти барои кишварамон муҳим табрик гуфта, ба ҳамаатон рўзгори хушу босаодат орзу менамоям.

Доимо тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520