Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4

01.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 – ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 барои кўмакҳои сершумораш ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди деҳот, кишоварзӣ, обрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва бунёди пулҳои мошингузари миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъҳои Хорўғ, Ишкошим, қалъаи Хумб, Ванҷ ва оғози сохтмони пули Шурообод изҳори сипос кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрўз дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Созмони Оғохон оид ба рушд тадбирҳои зиёди судманд татбиқ мегарданд.
Зимни сўҳбати пурмуҳтаво омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи ду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории минбаъда таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520