Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Мамлакати Баҳрайн шуд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Баҳрайн, шаҳри Манама Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини сарвазири мамлакат шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ бо эҳтирому самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳ сарбозони горди фахрии Подшоҳи мамлакат саф оростанд. Парчамҳои давлатии ду кишвар парафшон буд.
Зимни сафари расмӣ ба Мамлакат Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Мамлакат Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳарду палатаҳои парлумони мамлакат, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.