Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқотҳо бо раиси Палатаи савдо ва саноат ва роҳбарони бонкҳои соҳибнуфузи Баҳрайн

29.05.2014 12:11, Баҳрайн

Дар мулоқот бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар  ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.

Бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки рӯзи гузашта миёни соҳибкорону тоҷирони бонуфузи Тоҷикистону Баҳрайн тавофуқоти зиёди судманд доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамар ҳосил шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвари дӯст хеле зиёд аст ва ин имконот бояд васеъ истифода бурда шавад.

Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд иттилоъ дод, ки мехоҳад ба наздикӣ сафари як гурӯҳи калони соҳибкорони баҳрайниро ба Тоҷикистон ташкил кунад. Пешниҳоди ӯ аз ҷониби Тоҷикистон хуш пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки як анҷумани бузурги соҳибкорон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Мулоқоти судбахши дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор бонкҳои бонуфузи Мамлакати Баҳрайн доир намуд.

Бонкдорони баҳрайнӣ изҳор доштанд, ки омодаанд ба бозори бонкдорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ворид шаванд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои мамлакати Баҳрайн барои роҳандозӣ намудани усулҳои беҳтарини бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ҳамкории хуб доранд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки  Тоҷикистон  барои муҳайё намудани беҳтарин шароит барои ҷалби васеи сармояи хориҷӣ пайваста ҷаҳду талош мекунад. Корҳои зиёд дар ин самт анҷом ёфта, ислоҳоти соҳа боз ҳам идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520