Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

30.05.2014 12:11, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сездаҳуми Шӯрои мазкур баргузор шуд. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, масъулини вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шорауф Шораҳматов, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Набот Додхудоева ва Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Акбар Ғуломовро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Ба баррасии ҷаласа 4 масъала пешниҳод шуд:

- Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

- Муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта;

- Натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон;

- Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ.

Сипас гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ, устувор гардидани мавқеи байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар шудани симои сармоягузории мамлакат таконе хоҳанд бахшид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯро вобаста ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти марбута корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби роҳбарияти фурӯдгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон, Одобномаи кормандони фурӯдгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти азнавсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонии фурӯдгоҳ идома доранд.

Аз ҷониби Хадамоти гумрук низ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурӯдгоҳҳои байналмилалии кишвар қабул карда шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият дорад, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин узви Шӯро Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр ва намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ»–Далер Ҷумаев андешаронӣ карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо - Шариф Раҳимзода сухан гуфта, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷаласаи Шӯро ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас барои рушди минбаъдаи бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – Озода Раҳмон ва Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов сухан ронда, барои натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим ахбор дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда аъзои Шӯро, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Фарҳод Акбаров, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Марша Олив, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон– Кристофер Миллер иштирок намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда, супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки роҳҳои амалӣ намудани ислоҳоти муассир дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҷалби васеи коршиносону мутахассисони варзида ва худи соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҷустуҷӯй карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520