Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон

01.06.2014 21:00, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф овард.

Чунонки аён шуд, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

Аз 450 га 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудааст. 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд.

Чунонки зикр гардид, ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бошад, ҳар як иҷоракор боз 5-6 нафар қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним ҳазор нафари дигар мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст.

Ба иттилои боғпарварон, ҳосили фаровони боғҳои гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо бароварда мешавад. Соли 2013 аз ҳамин боғи 100 гектараи гелос беш аз 600 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 110 тоннаашро ба Русия ва Чин содир намудаанд. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 170 тонна гелоси аълосифат ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо боғпарварон ва масъулини давлатии соҳа суҳбат намуда, доир ба ривоҷ додани ин таҷрибаи пешқадам, ҷалби сайёҳон ба ин боғ ва роҳҳои фоидаи бештар ҳосил намудан маслиҳатҳои муфид дод.

Аҳли заҳмати ин боғҳо ва мардуми атрофи он аз бунёди боғ дар ин заминҳои лалмӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори бевоситаи ин иқдоми наку аст, басо шоду сипосгузоранд, зеро ба гуфти худашон, пештар дар ин мавзеъҳо ғаллаи лалмӣ корида, аз он ҳосили ночиз мегирифтаанд.

Дар воқеъ маҳз ташаббускорӣ ва иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғутокзори нав ва эҳёи боғоти кӯҳна аст, ки барномаи панҷсолаи рушди боғутокпарварӣ дар се сол иҷро шуд ва 27 августи соли 2009 боз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» содир шуд, ки мутобиқи он дар майдони қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520