Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор

07.11.2011 16:00, шаҳри Ҳисор

Худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ниҳолпарварону гулпарварони асили он аз наздик шинос шуд.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 33 гектар замин мебошад ва дар 20 гектараш парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин қитъаи 20 – гектара 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор навниҳоли ангўри кишмиш барои бурда, шинондану боғу токзор бунёд кардан омода аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки бо назардошти талаботи рўзафзуни дохилию хориҷӣ дар ин ҷо парвариши беш аз 1 миллион навниҳоли ангўри кишмиш ба роҳ монда шавад.

Қисмати зиёди ниҳолҳои ин хоҷагӣ дар мавсими ояндаи ниҳолшинонӣ ба боғу токзори хоҷагии боғпарварии Асадулло, ки дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад, бурда шинонда мешаванд, зеро тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдону боғу токзор дар ин мазеъ бояд ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонда шавад.

Дар воқеъ хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлон қудрат дорад, ки садҳо ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафканро ба дўстдорони шуғли боғутокпарварӣ пешниҳод намоянд, зеро танҳо дар қитъаи 13 гектараи заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 1 миллион ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо парвариш меёбанд.

Дар ин хоҷагӣ, қариб 100 нафар мутахассисони касбӣ ва дўстодорони боғдорию гулпарварӣ машғули коранд, ки аксари онҳоро занону духтарон мебошанд.

Ба гуфти мутахассисони варзидаи ин хоҷагӣ, кори босамари чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон пурра талаботи худро бо навниҳоли ҳамаи намуди дарахт ва гулу гулбуттаҳо таъмин намуда, ҳамчунин ба хориҷа содирот намояд.

Аҳли хоҷагӣ пайваста табъи болида доранд, зеро бо шуғли дўстдоштаи худ машғул шуда, ҳам фоидаи иқтисодӣ мебинанд ва ҳам аз покию таровати ҳавои миёни гулзору боғоти рўҳафзо баҳра мебаранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520