Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтар

11.06.2014 10:30, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷилликул, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш ва Бохтарро доир ба ҷараёни ҷамъоварии ғалладона, меваю сабзавот ва содироти онҳо, инчунин вазъи иҷрои буҷети ноҳияҳои мазкур дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шуниданд.

Президенти мамлакат ба раисони ноҳияҳои зикршуда доир ба тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон бо ин, Роҳбари давлат масъалаи корҳои ободонии ноҳияҳои зикршуда, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беҳтар намудани вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона ва бунгоҳҳои саломатиро таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520