ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 12 июни соли 2014 №404
ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода А.Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Аҳтам Рустам Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АБДУЛЛОЗОДА Аҳтам Рустам
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АБДУЛЛОЗОДА Аҳтам Рустам 31 октябри соли 1980 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2002 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2002 ба сифати мушовири ҳуқуқии Ширкати масъулияташ маҳдуди «Иқлим»-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, сипас дар вазифаи мушовири ҳуқуқии ҶДММ «Юнитекс»-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2007-2014 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият намудааст.
Аз январи соли 2014 дар вазифаи Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Унвонҷӯи кафедраи «Ҳуқуқи байналмилалӣ»-и факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муаллифи зиёда 8 мақолаҳои илмӣ мебошад.
АБДУЛЛОЗОДА А. қобилияти ташкилотчигию роҳбарӣ дошта, худро ҳамчун мутахассиси кордону ботаҷриба нишон дода омадааст. Вазифаҳои хизматиашро босифат ва сари вақт иҷро менамояд.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.