ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии
Германия таъин намудани Неъматов М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 июни соли 2014
№212